Яке аз қаҳрамонҳои гузориши ахири ин созмон Мирзохон Каримов, як ронандаи таксӣ дар Душанбе аст, ки ба гуфтаи муаллифони гузориш, мавриди ҳабси ғайриқонунӣ ва бадрафтории афсарони полис қарор гирифта буд. Амнести Интернешнл ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки ин зиёни Каримов ҷуброн шавад.
Худи Каримов ба РО гуфт, соли 2009 ӯро шахсан сарварони вақти ШКД ва БДА - и шаҳри Норак бо иттиҳоми харидории 830 грамм ҳашиш бо маблағи 100 сомонӣ боздошт намуда, дар шӯъбаи милиса мавриди шиканҷа қарор доданд.
Вай гуфт: «Маҷбур карданд, ки нависам, иқрор шавам. Хезонд дар танаи шифонер рост монду се- чор то зад. Дигар беист задан гирифт. Муовини сарвари хоҷагӣ, «завхоз». Вақте дар ҷигарам зад, дар ҷоям афтодам. Илтимос кардам, ки дар дигар ҷойҳоям зану дар шикамам назан. Бехост аз қафо сарвари шӯъбаи милиса дар сарам сахт зад. Хестам, гуфтам, ки инҳо ку ҳеҷ гап не, аммо ба ту, ака, сарат сафед, айб аст.»
Аммо Мирзохон Каримов мегӯяд, он чӣ дар гузориши Амнести Интернешнл омадааст, фақат як боби хурди қиссаи бузурги ӯст, ки фаротар аз ҷуброн аст. Вай гуфт, гузоштани маводи мухаддир дар мошини ӯ амали қаблан барқасдона ва тарҳрезишуда буд. Ба қавли ӯ, афроди иҷрогар ду рӯз дар Душанбеву Қӯрғонтеппа бо ӯ буданд ва пас аз он, ки дар Норак ӯро ба дасти кормандони милиса супорида, худ фирор карданд, бар асоси дастури пешакӣ ва супориши касе амал мекарданд.
Ҳамсари ӯ - Саломат Каримова, собиқ тоҷири бозори «Ганҷина» қазияи ҳамсарашро идомаи қазияи худаш медонад. Вай мегӯяд, ӯ аз афродест, ки барои рӯи кор омадани бозори мазкур дар соли 2006 нақши калидӣ дошт ва соҳиби 30 нуқтаи фурӯш буд. Аммо вақте масъулини бозор хостаанд, ки ин нуқтаҳоро ба афроди дигар бидуни ризоияти ӯ фурӯшанд, муқовимат кард, зеро барои эҷоди онҳо тоҷирони бригадаи ӯ маблағ супорида будаанд:
«Гуфтам, раис, шумо ин корро накунед. Ҷои мардумро нагиред. Бовар карда, сармоягузорӣ карданд. Бозорро обод кардем. Шумо шукр кунед. Ин гапро гуфтаму дар бало мондам. Ӯ дар шоҳидии мардум фармон дод, ки маро аз бозор ронанд, нуқтаҳои тиҷоратиамро фурӯшанд. Ҳар чӣ, ки доштам, ҳамаро гирифтанд. Болои ин, кӯдаки ширхора дар дастам. Маро ба бозор даромаданӣ намемонданд. Шавҳарам маҷбур таксист шуд. Бояд фарзандамонро мехӯрондем. Ҳама дороиямон дар бозор монд, чизе надоштем.»
Пас аз маҳрум шудан аз дороиҳо дар бозор, сар аз аз 1-уми октябри соли 2006 Саломат Каримова дари додгоҳу додситониҳои шаҳри Душанберо зад. Мурофиаҳо беш аз ду сол тӯл кашиданд. Додгоҳ аз 30 нуқтаи фурӯш 8 ададашро баргардонд, ки хонум Каримова қабул накард. Вай мегӯяд, мехоҳад тамоми 30 нуқтаи фурӯши қонунии худро баргардонад.
Раҳмоналӣ Саидов, сарвари маркази тиҷоратии «Ганҷина» мегӯяд, хонум Саломат метавонад 8 нуқтаи фурӯшро, ки додгоҳ муайян кардааст, аз бозор гирад: «Ҷойҳояшон ҳаст. Биёянд бигиранд, савдо кунанд. Дар бозори мо ҷой мушкил надорад. Ҳазору дусад ҷой дорем. Ҳар касе мехоҳад, биёяд, кор кунад.»
Аммо даъвои оилаи Каримовҳо акнун на фақат баргардонидани дороиҳо, ҷуброни моддиву маънавӣ, балки барқарор кардани адолат низ ҳаст. Саломат Каримова мегӯяд, вақте додситонии шаҳри Душанбе дар соли 2009 дигарбора қарорҳои қаблии худро бекор карда, аз нав ба таҳқиқ шурӯъ намуд, пас аз 6 рӯз - 13 июн ҳамсараш Мирзохон Каримовро дар Норак боздошт кардаанд.
Мирзохон Каримов пас аз ду рӯзи боздошт озод мешавад ва ба хотири расидан ба адолат ба мақомоти зидахл муроҷиат мекунад. Аз рӯи қазияи ӯ, ду масъули шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Хатлон 5-солӣ ҳукм мегиранд, аммо соли гузашта бар пояи қонуни авф озод мешаванд.
Аммо Мирзохон Каримов мегӯяд, аз ин тарзи муҷозоти муҷримин розӣ нест, зеро онҳо танҳо барои тақаллубкории асноди қазияи ӯ муттаҳам шудаанд. Ба қавли ӯ, ваҷҳҳои асосии ҳодиса - маълум кардани шахсияти афроди супоришгар ва иҷрогар, аз куҷо пайдо шудани ҳашиш дар мошини ӯ муайян нашудаанд.
Маҳмадсалим Мунавваров, муфаттиши прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки бо баррасии аризаи шикоятии Мирзохон Каримов машғул аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазияи хеле мураккаб аст ва мӯшикофиро тақозо мекунад:
«Аз замоне, ки муроҷиат шуд, мо ин қазияро таҳқиқ мекунем. Мо дар бораи он маълумоти бештар дода наметавонем. Фақат ин, ки барои ошкор кардани он шахсоне, ки гумошта шудаанд, мо амалиёти фаврӣ -таҳқиқотӣ мебарем. Бақия сирри тафтишотӣ аст, ки гуфта наметавонем.»
Мирзохон ва Саломат Каримовҳо ба Додситонии кулл ҳанӯз моҳи майи соли 2010 муроҷиат карда, хостори таҳқиқи пурраи қазияи худ шудаанд. Аз нигоҳи онҳо, ошкор шудани супоришгар ва иҷрогарони боздошти Мирзохон Каримов тамоми гиреҳҳои ин қазияи оилавиро боз мекунад.
Мирзохон Каримов дар ҳоли ҳозир боз таксиронӣ мекунад ва ҳамсараш Саломат хонанишин аст. Ҳама мунтазири ҳарфи ниҳоии мақомотанд.