Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъво алайҳи "Фараж" ва идомаи баҳси "Мерседес"


Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Фараж".
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Фараж".

Масъулини ҳафтаноми мустақили «Фараж» имрӯз ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе даъват шуданд.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири «Фараж» ба РО гуфт, ин даъват идомаи даъвои Файзиддин Азизов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раисии маҳаллаи ҷамоати Чоряккорон аст, ки қаблан ба додгоҳи ноҳияи Рудакӣ ва ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда ва посухи рад гирифта буд.

Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, рӯзномаи «Фараж» ба сифати шахси юридикӣ дар мақоме сабт нашудааст ва он нашрияи Маркази тақиқоти журналистии Тоҷикистон буда ва даъвоҳо бояд дар баробари ин марказ бошад.

Даъвои Файзиддин Азизов алайҳи нашрияи "Фараж", марбут ба матлабе бо унвони «Даҳшат. Дар Рӯдакӣ «Мерседес» 22 000 доллар» будааст, ки моҳи августи соли 2011 нашр шуда ва мегӯяд ин матлаб обрӯ ва шаъну шарафи ӯро поин карда, ба ӯ зарари маънавӣ расондааст.
Ҷониби даъвогар барои ҷуброни зарари маънавӣ, аз нашрияи «Фараж» 500 000 сомонӣ хостааст.

Ҳодиса ба ин тартиб ҳаст, ки бар асари бархӯрди мошини Файзиддин Азизов бо худрави фарзанди муаллифи мақола Зевар Шарипова, қазияи онҳо ба додгоҳ кашонида мешавад. Оқои Азизов дар додгоҳ қимати мошини худро 13 ҳазор доллар нархгузорӣ мекунад ва ҷониби ҷавобгар ҳам омода будааст, ки 12 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохт намояд. Аммо додгоҳ бар изофаи ҷубронпулӣ, инчунин беқурбшавии пул ва зарарӣ маънавиро "дастак" карда дар маҷмӯъ аз ҷавобгар пардохти 22 ҳазор долларро тақозо мекунад.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи «Фараж» гуфт, ба баррасӣ гирифтани ин парвандаи даъвоии шаҳрванд Азизов дар муқобили рӯзномааш аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғайриқонунӣ аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, нашрияи «Фараж» дар ҳудуди ин ноҳия низ ба сифати шахси юридикӣ сабти ном нашудааст.

Аммо меафзояд оқои Атовуллоҳ, мо даъвати додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро рад накардем ва имрӯз ба додгоҳ рафта, бо аризаи даъвогӣ шинос шудем. Аммо ҷониби даъвогар бо сабаби беморӣ дар ин ҷаласаи шиносоӣ ширкат надоштааст.

Интизор меравад баррасии парвандаи даъвогӣ дар баробари нашрияи «Фараж» рӯзи 28-уми март дар додгоҳ шурӯъ шавад.

Дар зарфи ду ё се соли охир аксари нашрияҳои муҳими Тоҷикистон баҳсҳои додгоҳиро таҷриба карданд Даъвои Вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи "Миллат" ва тақозои 1 миллион сомонӣ, даъвои 5 миллион сомонӣ товони се қозии додгоҳ алйҳи "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" ва даъвои "Тоҷикстандарт" алайҳи "Пайкон" аз пуровозатарини ин баҳсҳо дар ду соли охир аст.
XS
SM
MD
LG