Агар барои бархе “хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар” аст, иддае ҳавои зиндагӣ дар хориҷаро доранд ва иқомат дар берун аз Тоҷикистонро тарҷеҳ медиҳанд.
Қазоқистон, Эрон, Туркия, Русия ва кишварҳои аврупоӣ аз ҷумлаи давлатҳое мебошанд, ки пурсидашудагон дар он ҷойҳо зиндагӣ карданро афзал мешуморанд. Ангезаи ин афрод барои зиндагӣ дар ин кишварҳо мухталиф аст. Яке ба далели ҳамзабонӣ, дигаре ба хотири шароити хуби иқтисодӣ ва иддае ҳам барои имкониятҳои хуби кору фаъолияту таҳсил.
Дар ин миён афроде низ ҳастанд, ки Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин меҳисобанду табиату зебоиҳои онро нотакрор, аммо пайдо кардани зиндагии сазовор ва шоиста, дили онҳоро ба сӯи кишварҳои дигар "кашол" кардааст.
Шумо чӣ корбарони азиз, агар дар ватан ҳастед ба ин мавзӯъ чӣ назар доред?