Вале ин созмони ҳомии ҳуқуқ ҳамзамон ба зарурати таҳқиқи комили тамоми мавридҳои шиканҷа, аз ҷумла чанд мавриди ҳалокати гумонбарон дар боздошт таъкид мекунад.
Афви байналмилалӣ мегӯяд, Тоҷикистон бояд акнун ҷиҳати таҳқиқи фарогири тамоми мавридҳои шиканҷа, аз ҷумла ҳалокати Исмонбой Бобоев, Назарқул Халилқулов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт иқдом кунад ва ба мақомоти интизомиаш паёми рӯшан бифиристад, ки бадрафториро дигар таҳаммул намекунад.
Рейчел Баглер, пажӯҳишгари масоили Тоҷикистону Туркманистон дар Афви байналмилалӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди пешрафтҳои охир, шиканҷа дар Тоҷикистон ҳамчунон як мояи нигарониҳои ҷиддист: “Таҳқиқоти мо ҳокист, ки шиканҷа бавижа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон як падидаи фарогир боқӣ мемонад. Мақомот афродро то ҳол маҷбур мекунанд, ки гуноҳеро ба гардан гиранд ё алайҳи дигарон баёнот диҳанд. Ин ҳам мояи ташвиш аст, ки додгоҳҳо эътирофи бо шиканҷа бадастомадаро ба ҳайси шаҳодат мепазиранд ва таҳқиқи бадрафтории мақомоти тафтишотиро талаб намекунанд.”
Афви байналмилалӣ ҳамин тавр, мегӯяд, ягон мавриди ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистонро ёд надорад, балки дар қазияи Мирзохон Каримов, ду афсари ба 5 соли зиндон маҳкумшударо хеле зуд афв кардаанд. Ӯро дар соли 2009 бо латукӯби шадид маҷбур кардаанд, ки ҷурми истеъмоли маводи мухаддирро ба гардан бигирад. Ӯ 3 сол боз аз мақомот ҷуброни молӣ мехоҳад, вале ҳанӯз бе натиҷа.
Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт доғтар шуд ва Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод, ки Афви байналмилалӣ низ пешрафти Душанбе дар набард бо бадрафторӣ унвонаш мекунад.
Ин қонун бояд акнун аз сӯи Маҷлиси миллӣ ва раисиҷумҳур ҳам тасвиб шавад. Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқии парлумон гуфт, тағйироти ахир ҷавобгӯи Паймони зидди шиканҷаи СММ аст ва шиканҷаро ҷиноят алайҳи озодиҳои инсон ва шаҳрванд мешиносад: “Дар банди 143(прим) ҷавобгарии шахсони мансабдор барои маҷбур кардани шахс ба додани нишондод пешбинӣ шудааст. Ҷазоҳо аз ҷарима дар қисми аввал сар шуда, ҳукми зиндон ба мӯҳлати аз 2 то сол ва дар қисми сеюми ин модда ҳатто маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 солро ҳамчун ҷазои шиканҷа муқаррар мекунад.”
Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро мо замоне пайдо кардем, ки аз идораи додситонии шаҳри Конибодом берун меомад. Ӯ гуфт: “Мо ҳозир аз додситонии Конибодом баромадем. Ҳамин масъалаи азобу шиканҷа буд. Шӯҳрат Ортиқов ном ҳуқуқшиносро дастгир карда буданд ва овоза шуд, ки шӯъбаи шашум бо ниқоб даромадаасту ӯро зада бошанд. Дар ҳузури додситон ва 3 вакили мудофеъ баданашро бараҳна карда, дидем, ки касе ӯро назадааст. Додситони Конибодом Аваз Назаров ҳам гуфт, ки бо шиканҷа муборизаи беамон мебаранд ва Ихтиёр Аскаров ном милисаро фақат барои онки гумонбарро бо калтак задааст, 7 сол маҳкум ба зиндон кардаанд.”
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шуд. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.
Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси кумитаи ҳуқуқи парлумон мегӯяд: “Падидаи саросарӣ агар гӯем, то ин дараҷа нест. Албатта, ҳастанд ҳолатҳое, ки аз ҷой доштани шиканҷа шикоят мекунанд. Вале дар бархе мавридҳо онҳое, ки даст доштанашон дар ҷиноят исбот шудааст, низ ба хотири раҳоӣ аз ҷазо даъво пеш меоранд, ки нисбат ба онҳо гӯё аз чораҳои маҷбуркунӣ истифода бурдаанд.”
Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар ҳар сурат, тақвияти мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон асосан натиҷаи фишор аз хориҷ буд, ки Душанберо дар ниҳоят маҷбур ба иқдомҳои ҷиддӣ кард: “Азобу шиканҷа ҳоло ҳам ҳаст. Дар ҷое ки мақомоти тафтишотӣ ҳаст, хоҳ-нохоҳ азобу шиканҷа ҳам мешавад. Аммо назар ба солҳои пеш ба дараҷаи олӣ камтар шудааст. Аввалан, созмонҳои байналмилалӣ мусоидат карданд, ки муборизаро бо шиканҷа пурзӯр кунанд. Дувум, созмонҳои ғайридавлатӣ ҳам кори азимеро анҷом медиҳанд, ки азобу шиканҷа набошад, мавридҳое ки пайдо мекунанд, ба матбуот мерасонанд, ба мардум мефаҳмонанд, ки масъала чист.”
Бо ин ҳол, Рейчел Баглер, пажӯҳишгари Афви байналмилалӣ мегӯяд, акнун дархости онҳо аз Душанбе зудтар ба иҷро даровардани банди нави Қонуни ҷиноӣ ва таъмини дастрасии билофосилаи маҳбусон ба хадамоти тиббиву ҳуқуқист.
Ӯ афзуд: “Мо ҳамчунин мехоҳем, ки Тоҷикистон тамоми боздоштгоҳҳояшро ба рӯи нозирони маҳалливу байналмилалӣ боз карда, тамоми мавридҳои шиканҷаро таҳқиқ кунад. Муҳим аст, ки Тоҷикистон ба мақомоти интизомиаш паёми рӯшан диҳад, ки омилони шиканҷа ҳатман ҷазо хоҳанд дид. Ва ин набояд ҷазо ба хотири ҷазо бошад, балки ҷуброни молӣ барои қурбониёни шиканҷаро низ бояд дар бар бигирад.”