Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия марзҳои худ бо Туркия ва Лубнонро минакорӣ кард


Ҳукумати Башор Асад барои ҷилавгирӣ аз фирори мардум аз Сурия, марзҳои ин кишвар бо Туркия ва Лубнонро минакорӣ кардааст.

Дидбони ҳуқуқи башар, як гурӯҳи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки мақарри он дар Ню-Йорк аст, эълом кард, ки минагузорӣ дар марз бо Туркия дар ҳафтаҳои гузашта сурат гирифтааст.

Гузориши Дидбони ҳуқуқи башар бар пояи изҳороти шоҳидони айнӣ ва ҳамчунин афроде, ки масъули поксозии минаҳо ҳастанд, мунташир шудааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ин иқдоми давлати Сурия боиси бештар шудани талафот миёни афроди фирорӣ аз хушунатҳои ин кишвар шудааст.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс менависад, ки як мақоми суриягӣ ва шоҳидони айнӣ дар моҳи ноябри соли гузашта ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Сурия бахшҳое аз марзи худро бо Лубнон ва Туркия минагузорӣ кардааст. Ин мақоми суриягӣ ҳадаф аз ин чунин иқдомро ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ аз Лубнон эълон кард.

Аз замони оғози эътирозҳои густурда алайҳи режими Башор Асад дар як соли гузашта, то кунун ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар барои наҷот аз ҳамлаҳои хушунатбори нерӯҳои низомии ин кишвар, ба Туркия ва Лубнон гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG