Агар аз бозорҳои Душанбе чизе харидед ва бақияи пули шумо поинтар аз як сомонӣ монд, ҳатман мунтазир хоҳед шуд, ки тоҷир аз тоҷири дигар пули хурд пурсон шавад ва ё дар сурати ғайр бар ивази бақия ба шумо молу маҳсулотеро пешниҳод хоҳанд кард.
Ба қавли тоҷирон, ин далели дар муомилот кам шудани пули хурди як сомонӣ ва дирамҳо будааст.
Сафархон Шарифов, яке аз тоҷирони бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт, ки даҳ сол боз ба тиҷорат машғул, аст, мегӯяд: "Пули як сомонӣ, ки дар гардиш хеле даркорӣ аст, вактҳои ахир камчин шудааст. Дирамҳо низ хеле заруранд дар тиҷорат ба хотири бақияпулии харидорро баргардонидан. Аммо агар мо пули майда надошта бошем, дар ивази бақия ба харидор ягон мева ё чизи дигар медиҳем."
Тоҷирон мегӯяд, коҳиши пули майда дар муомилот, боиси эҷоди мушкилот дар тиҷораташон шудааст. Ба қавли онҳо дар баъзе маворид харидорон аз баҳри бақияпулӣ мегузаранд, аммо аксари мардум, ки даромади зиёд надоранд, бақипулии худро талаб мекунанд.
Алихон Ҳамидов, тоҷири дигари бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт дар ин маврид гуфт: "Баъзан вақт пули майда, ки намеёбем, мизоҷон интизор намешаванд, зеро вақт надоранд, аз баҳри харидан мегузаранд ва ба дӯкони дигар мераванд."
Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон иддаои тоҷирон дар мавриди коҳиши пули хурд дар муомилотро рад мекунад. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, дар чанд соли пеш, ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёд дар нашри пулҳои хурди коғазии поин аз як сомонӣ, яъне як, панҷ, бист ва панҷоҳ дирамӣ, Бонки миллӣ дирамҳои филизӣ-тангаҳоро ба муомилот баровардааст ва дар муомилот коҳиши ин теъдод пулҳо эҳсос намешавад:
"Тавре таҳлилҳо нишон доданд, дар бозор ҳеҷ мушкил дар пешниҳоди пули як сомонӣ вуҷуд надорад. Тамоми талаботи бонкҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ, ки бо дархост ба Бонки миллӣ муроҷиат мекунанд, ҳама дархости онҳо дар мавриди пули хурди яксомонӣ қонеъ карда мешавад. Умуман дар масъалаи таъмини бозор бо пули нақд кадом мушкиле пеши рӯи мо нест."
Оқои Қурбонов ҳамзамон афзуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз коҳиши пули хурд ва осон шудани муомилот дар бозор, Бонки миллӣ дар якуним соли пеш пули хурди се сомониро ба гардиш даровард.
Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони масоили иқтисодӣ низ нокифоя будани пули худр дар муомилотро таъйид мекунанд ва мегӯянд, заъфи пажӯҳиши бозори асъор дар Тоҷикистон сабаби пеш омадани равандҳо номусоид дар муомилоти пули шудааст. Онҳо мегӯянд, паст будани сифати коғази пулҳои хурд, боиси ба зудӣ аз истифода хориҷ шудани ин теъдод асъор шудааст ва дар бисёр маврид номусоидӣ дар муомилотро пеш меорад.
Рустам Бобоҷонов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ гуфт: " Нархи филизе, ки барои сохтани тангаҳо истифода мешавад, ҳар рӯз гаронтар шуда истодааст. Нархи коғаз бошад, аз қиммати филиз хеле поин аст. Пули аз як сомонӣ поин, яъне пули хурд- дирамҳо ҳама филизӣ ҳастанд. Аз ин рӯ барои сохтану ба муомилот даровардани ин теъдод пулҳои хурд, сармояҳои калон даркор аст."
Таҳлилгарон як сабаби дигари коҳиши пули хурд дар муомилотро дар боло будани сатҳи таваррум ва афзоиши қиматҳо медонанд. Соли гузаштаи 2011 дар Тоҷикистон сатҳи таваррум 6.5 дарсад буд. Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми пули дар гардиш дар моҳи январи соли ҷориро 4,2 миллиард сомонӣ арзёбӣ кардааст. Аммо мушаххас накардаанд, ки ҳаҷми пули хурд чанд дарсади маҷмӯи пули муомилотиро ташкил мекунад.