Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Тоҷикистон чӣ гуна пардохт хоҳад шуд?


Назари раҳгузарон ба он ки қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ гуна пардохта хоҳад шуд?

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарзи хориҷии кишварро, ки чизе бештар аз 2 миллиард доллари амрикоист, бори сангине дар дӯши аҳолӣ ва наслҳои оянда мешуморанд. Онҳо мегӯянд, афзоиши ин қарз барои кишвар хатар дорад ва ҳар инсони қарздор наметавонад, шаб дар ҷойгаҳаш осуда бихобад.

Аммо ҳамсӯҳбатони дигари мо мегӯянд, қарзи хориҷии Тоҷикистон “қарзи давлатӣ” ном дорад бояд “дарди сар”-и онҳое бошад, ки ин қарзҳоро гирифтаанд. Онҳо мебоист, ҳар дирами ин қарзҳои бузургро тавре истифода мекарданд, ки иқтисодиёти кишвар ба по мехест ва имрӯз даромаде меовард, ки як қисми он барои пардохти қарз сарф мегашт.

Агар ин ду дидгоҳ ду қутби муқобили ҳам ва ду биниши зидди якдигар бошанд, дар миёнаҷои ҳар дуи он афроде ҳастанд, ки мегӯянд:

  • Бояд саноатро ба кор андохт
  • Ҷойҳои кории нав сохт
  • Бояд андозро боло бурд
  • Бояд чизе истеҳсол кард
  • Бояд бахшоиши қарзҳоро хост
  • Бояд бо дӯстӣ қарзро кам кард
  • Бояд Роғунро сохт...
то қарзи хориҷиро канд ва нафаси сабук кашид.

Чунин посухҳои раҳгузарони Душанберо дар як навори видео ба ҳам овардем. Як дидгоҳи дигаре ҳам дида шуд, ки бино бар он Тоҷикистон дар ин масъала дар “тупик” ё “бунбаст” қарор дорад, зеро роҳе барои бозпардохти 2 миллиард доллар мавҷуд нест ва чизеро ҳам наметавон фурӯхт, ки қарзи бегонагонро канд.

Охирин ҳамсӯҳбатони мо дар ин пурсиши видеоӣ ду хонуме ҳастанд, ки мегӯянд, қарзҳои Тоҷикистон рабте ба онҳо надоранд.

Ин сӯҳбатҳоро бубинед ва агар ҳамин суолҳо ба Шумо дода мешуд, чӣ мегуфтед, дар ҳошияи матлаби мо бинависед. Ақлҳо ақлҳоро ёрӣ диҳанд. Аз ҷамъи андешаҳои гуногун ҳақиқати ҳол рӯшан хоҳад шуд.

Қарзи Тоҷикистон чӣ гуна пардохт хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG