Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои мавридҳои афви маҳбусон бо асноди қалбакӣ


Ба камияш 10 маҳбусе, ки бо истифода аз асноди қалбакии тиббӣ афв шудаанд, дубора зиндонӣ гаштанд.

Ин воқеа ва ҳам сӯҳбатҳо аз он ки дар баъзе ҳолатҳо маҳбусоне бо пардохти ришва аз тарафи хешу ақрабо шомили Қонуни афв шудаанд, эътибори бузургтарин афви Тоҷикистонро зери суол қарор додаанд.

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳқиқи ин масъала як кумиссюни босалоҳият таъсис ёфтааст: «Ҳоло ин афрод нагуфтаанд, ки дар ивази пул қарори афвро дарёфт кардаанд, вале ин исбот шуд, ки баъзе аз онҳо бо санадҳои тақаллубии тиббӣ ба озодӣ баромадаанд ва кумиссюн даҳ нафар аз онҳоро аллакай баргардонд. Кумиссюн ҳамаҷониба ин масъаларо баррасӣ дорад.»

Баъзе аз вакилони мудофеъ мегӯянд, ки дар таҷрибаи онҳо чунин ҳолатҳо шудааст, ки бештар афроди «тағодор» бо санадҳои тақаллубии тиббӣ афв ва аз ҳабс озодӣ шуда, афроде, ки дар ҳақиқат аз сил ва ё бемориҳои дигари шадид ранҷ мебаранду аммо «пуштибон» надоранд, дар паси панҷара боқӣ мемонанд.

Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки аз фаъолияти кумисюни махсус, ки асноди тиббии маҳбусонро таҳқиқ мекунад, хабар дорад. Ин дар ҳолест, ки аз оғози ҷараёни иҷрои қонуни афв то анҷом, як кумиссюни босалоҳият масъули баррасии вазъи маҳбусоне буд, ки шомили феҳрасти афв шуданд ва озрод гаштанд.



лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, Зиёратшо Ҷононов, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки писараш 5 сол ба ин сӯ дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе ба сар мебарад, мегӯяд, писари ӯ ба Қонуни афви соли гузашта шомил нашуд, вале даҳҳо нафари дигар, ки ибтидо дар рӯйхатти афвшавандаҳо набуданд, озод гаштанд: «Касоне ки дар ин афв шомил набуданд, аз духтурхонаи раёсати ислоҳӣ ҳамчун силкасал ё бемори қалб ва ё маъюб санадҳои қалбакӣ гирифта, озодӣ шуданд. Аксари онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буданд.»

Вакилони ҳуқуқӣ мегӯянд, ки наздикони даҳҳо маҳбус ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки чаро пайвандонашон бо вуҷуди бемориҳои сангин ба феҳрасти афв шомил нашуданд ё агар ҳатто шимол шуда бошанд ҳам масъулони зиндонҳо бо ҳар баҳона баррасии паврандаи онҳоро ба таъхирмегузоранд.

Тибқи маъумл, пас аз содир шудани фармони афв аз тарафи раиси ҷумҳур ҳайати махсус иборат аз намояндагони Вазорати адлия, Додситонии кулл ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки ба таҳия ва баррасии феҳрасти маҳбусони афвшаванда мепардозад. Ин ҳайат ҳамчунин санадҳои тиббии маҳбусони беморро таҳқиқ ва тасдиқ мекунад.

Бино бар Қонуни афви соли гузашта ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ҳудуди 5000 маҳбус аз маҳбас раҳо шуданд. Озодии зиёда аз 100 нафари онҳо зимни асноди гирифторӣ ба бемории сил ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG