Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷҳо ва ганҷҳои хабарнигорони зан дар Тоҷикистон


Муруре ба зиндагӣ ва кори рӯзноманигорони зан дар Тоҷикистон дар остонаи 100-умин солгарди матбуоти тоҷик.

Баҳсҳои пурсару садои додгоҳӣ дар Тоҷикистон, ки гоҳо хатари рафтан ба зиндон ва ё гоҳо эҳтимоли ҷаримаи ҳангуфте ба маблағи миллионҳо сомонӣ таҳдид мекард, бештар алайҳи занони рӯзноманигор будааст.

Рамзия Мирзобекова, аз матраҳтарин бонувони рӯзноманигори тоҷик аст. Алайҳи ӯ чор даъвои додгоҳӣ то кунун матраҳ шуда, ки даъвогарон ҳам мақомдорони қудратманде будаанд. Пурмоҷаротарини ин баҳсҳо даъвои додрасҳои Додгоҳи олӣ буд. Се додраси додгоҳ даъво доштанд, ки дар мақолаи Рамзия мавриди таҳқир ва тӯҳмат қарор гирифтаанд. Онҳо хостори қатъи фаъолияти нашрия ва ҷаримаи ҳангуфте ба миқдори 5,5 милион сомонӣ шуда буданд. Аммо билохира бар асари фишоре, ки расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба ҳукумат ворид карданд, ҳукумат додрасҳоро ба сулҳ бо матбуот ва даст кашидан аз даъво маҷбур кард.

Аммо билфосила пас аз ин қазияи дигаре пеш омад ва он ҳам даъвои додгоҳӣ барои мақолаи "Инквизитсия ё тафтишот", ки боз ҳам муаллифи он Рамзия буд. Ин навбат тарафи даъво сардори Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохила буд, ки ҳамзамон бо оғози баҳси додгоҳӣ муовини вазир таъйин шуд. Рамзия зимни ин мақола талош карда буд, бо далелҳо собит кунад, ки зимни бозҷӯӣ ва бозпурсии муттаҳамон, аз шиканҷа истифода шуда ва ин маврид ҳатто боиси марги инсон гардидааст.

Рамзия Мирзобекова
Рамзия Мирзобекова
Ин ҳама баҳсҳои додгоҳӣ ва қазияҳои пурмоҷароро чӣ гуна як бонуи тоҷик дар ҷомеаи умдатан мардсолор пушти сар кард? Хонум Мирзобекова мегӯяд, "рӯзноманигорӣ касби ҷолибе аст, ки мушкилоти фаровон дорад, аммо вақте маҳорати пушти сар гузоштани ин мушкилотро ёд мегирӣ, таваҷҷӯҳат ба рӯзноманигорӣ боз бештар мешавад. Ҳатто лаҳзаҳое буд, ки бояд ин пешаро тарк мекардам. Аз ҷумла, вақте ин қазияҳои пайиҳами додгоҳӣ пеш омад, дар хонавода аз ман талаб карданд, ки корамро тарк кунам. Вазъият нороҳаткунанда ва мушкил буд. Аммо ман он замон наметавонистам, ки корро тарк кунам. Зеро қазия бояд ниҳоӣ мешуд ва ман масъулият доштам, ки посух бигӯям. Бо хости Худо ҳама мушкилот пушти сар шуд ва корро идома додам."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:59 0:00
Линки мустақим


Дар ҷомеаи суннатӣ ва мардсолори Тоҷикистон, ва хоса дар шароите, ки барои мардон кори рӯзноманигорӣ мушкил аст, барои зан мушкили бештаре надорад?

Олга Тутубалина, яке дигар аз бонувони рӯзноманигор дар чанд назарпурсии марказҳои иҷтимоӣ ба унвони ҷасуртарин рӯзноманигорро дарёфт кардааст. Силсилаи мақолаҳои ӯ роҷеъ ба авзои шарқи Тоҷикистон ва гузоришҳои ӯ аз ҳаводиси ду соли гузаштаи он минтақа дар ҳоле мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошт, ки ҳеҷ рӯзноманигори мард натавониста буд, ба ҷои ӯ бирасад ва ба манобеи ӯ даст пайдо кунад.

Хонум Тутубалина мегӯяд, "ба назари ман, кори рӯзноманигорӣ ба ҳамон андозае, ки барои мардон мушкилӣ дорад, барои занон низ мушкил аст. Фарқи чандоне надорад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба менталитет ё тарзи тафаккури ҷомеаи мо, шояд ба занони рӯзноманигор ҷое аз сӯи мансабдорон ба истилоҳ имтиёз дода мешавад. Яъне шояд баъзан ба рӯи онҳо табассум мекунанд ба ҷои он, ки бадрафторӣ кунанд ё маълумот надиҳанд."

Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Хонум Тутубалина мегӯяд, барои ташаккули шахсияти як рӯзноманигори зан дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон агар шароити хосе ҳам фароҳам нест, мушкили вижае ҳам вуҷуд надорад. Агар зане хоста бошад, метавонад маҳорат ва шахсияти худро такомул диҳад ва муваффақ шавад.

Наҳтутӣ Алиева, бонуи дигари журналист ва сардабири нашрияи "Мавҷи Хингоб" дар шарқи Тоҷикистон аст. Ноҳияи Тавилдара ва шарқи кишвар хостгоҳи гурӯҳҳои мазҳабӣ, пойгоҳи мухолифони пешин ва саҳнаи аслии даргириҳо миёни давлат ва мухолфонаш буд. Ҷолиб аст, бидонем, ки оё рӯзноманигорӣ ва сардабирии як занро дар ин маҳал чӣ гуна қабул доранд ва оё таассубе дар миёни мардум нисбат ба зани рӯзноманигор қобили эҳсос аст?

Хонум Алиева мегӯяд, инро дар худ эҳсос накардааст, аммо чанд нафар духтароне, ки бо квотаи президентӣ факултаи рӯзноманигориро хатм карда буданд, нахостанд дар нашрия фаъолият кунанд. Ӯ мегӯяд, рӯзнома ва матбуот дар ин маҳал ба умри худ идома медиҳад ва занон аз мухлисони рӯзнома ва ҳамзамон мунтақидони он боқӣ мондаанд.

Ӯ афзуд, "занон дар хондани матбуот фаъоланд, хеле фаъоланд, баъзан ман мехоҳам бидонам назари онҳо ба рӯзнома чӣ гуна аст. Мардуми кӯҳистон ғараз надорад. Самимияташ бештар аст. Як хонандаи рӯзномаҳо модари ман аст, ки ҳатто телефон мекунад, мегӯяд, барои ман аз Душанбе рӯзнома биёр. Ин нишоне аз он аст, ки рӯзнома ҳамчунон ҳамроҳи мардум аст. Пас, ба кори мо ниёз вуҷуд дорад."

Мушкили дастрасӣ ба манобеи хабарӣ ва ҳассосияти мақомот барои марду зан якест. Аммо занон бар изофаи ин мушкили рӯёрӯӣ ба тарзи тафаккури як ҷомеаи суннатиро низ дар амри иҷрои кори рӯзноманигории худ эҳсос мекунанд. Аз сӯи дигар, муҳимтарин мушкил мушкили молист. Бо маоши рӯзноманигорӣ ба мушкил метавон зиндагии худро сомон дод.

Ин ҷо боз ҳам бармегардем ба хонум Рамзия, ки оё фикри тарки пешаи худро дар сар напарваридааст? Ӯ мегӯяд, "ҳоло шояд барои рафтан аз ин кор омодаам. Аммо инро касе аз ман тақозо намекунад. Қаблан дар хонавода чунин талаб доштанд, ки ман равам, аммо ҳоло, ки ман барои ин кор омодаам, талаб намекунанд. Вале фикр мекунам, агар аз рӯзноманигорӣ канор биравам, бадале барои ин пеша пайдо намекунам."
XS
SM
MD
LG