Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нигаронии САҲА аз қатъи дастрасӣ ба Фейсбук


Масъули озодии баён дар Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо умедвор аст, ки интернет дар Тоҷикистон озод боқӣ мемонад.

Дуня Миятович, масъули бахши озодии баён дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, дастури бастани шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва чаҳор торнамои иттилои иҷтимоӣ ва сиёсиро бекор кунанд.

Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 2-юми март аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон нома гирифтанд, ки дастрасӣ ба Facebook ва чаҳор торнамои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru-ро қатъ кунанд.

“Бо вуҷуди аҳёнан бастани сомонаҳои муайян интернет дар Тоҷикистон ба таври густарда озод боқӣ монда буд," -- гуфтааст Миятович дар нома ба ҳукумати Тоҷикистон ва афзудааст, -- “Ин бори аввал аст, ки дастрасӣ ба як шабакаи иҷтимоӣ қатъ мешавад ва ман умедворам, ки ин таҳаввули нигаронкунанда намунаи амал нахоҳад гашт.”

Миятович гуфт, вай дар номааш ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, рӯзи 5-уми март гуфтааст, “Интернет, ҳамон гуна ки дар Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Башар зикр ёфтааст, бояд ба ҳайси майдони баҳси озоди мардум ва изҳори ақидаи онҳо боқӣ бимонад."

Дар номаи худ масъули бахши озодии баён дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо изҳори умед кардааст, ки дастрасӣ ба Фейсбук ва чаҳор торнамои хабарӣ дар Тоҷикистон бидуни таъхир барқарор карда мешавад.
XS
SM
MD
LG