Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ҳайати расмии ин кишвар барои ширкат дар конфронси “Дипломатияи об дар Осиёи марказӣ” ба Олмонрафтааст. Ин конфронс 7-8 март дар Олмон баргузор мешавад ва мизбонии онро вазорати корҳои хориҷаи Олмон бар ӯҳда дорад. Дар таркиби ҳайати Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров-муовини аввали вазири хориҷа ва Султон Раҳимов-муовини аввали вазири обу обёрии Тоҷикистон ҳастанд.