Раҳбари Оҷонси байналмилалии назорати нерӯи атомӣ Юкия Амано гуфт, "нигаронии ҷиддӣ"-и ин ниҳод аз эҳтимоли ҳамоно барномаи махфии сохтани силоҳҳои ҳастаиро таъқиб кардани Эрон то ҳол боқист.
Амано ба Шӯрои мудирони Оҷонси ҳастаии Созмони Милал гуфт, Эрон аз поёни соли гузашта тавлидоти моҳонаи урани бештар ғанишударо, ки барои силоҳи ҳастаӣ низ метавонад истифода шавад, 3 маротиба афзудааст.
Амано гуфт, дар пайи ду сафари нозирони Оҷонс ба Теҳрон "ихтилофоти бузург" бо Эрон ҳанӯз боқӣ мондааст. Эрон табиати низомӣ доштани фаъолиятҳои ҳастаияшро рад мекунад.
Аз ин қабл, Кетрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки гузориши нави Оҷонси байнулмилалии нерӯи атомӣ нигарониҳо дар хусуси моҳияти барномаи ҳастаии Эронро бештар кардааст. Кетрин Аштон, ки дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон намояндагии кишварҳои Амрико, Русия, Бритониё, Чин ва Фаронса ба ҳамроҳии Олмон, яъне гурӯҳи 5+1-ро бар ӯҳда дорад, аз ҷумҳурии исломӣ хостааст, то бо Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ ҳамкорӣ кунад.
Сухангӯи Кетрин Аштон дар баёнияе гуфтааст, "ёфтаҳои гузориши тозаи Оҷонс сабаби нигаронии бештар дар хусуси сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон шудааст." Дар идомаи ин баёния мехонем: "Эрон мебоист ба ҳама нигарониҳои матраҳ посух бидиҳад, то битавонад дар хусуси моҳияти барномаи ҳастаии худ бовари дигаронро ба даст биоварад.”
Кохи Сафед ба ин назар аст, ки гузориши ахири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ тасдиқ мекунад, Эрон бо нақзи қатъномаҳои Шӯрои амният ва барои аҳдофи ғайрисулҳомез барномаи ҳастаии худро тавсеа медиҳад. Нуктае, ки Теҳрон борҳо рад кардааст.