Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камол Алиспоҳич: “Беҳтаринҳоро интихоб мекунам”


Барои бори аввал як сармураббии тими миллии Тоҷикистон мутахассиси хориҷӣ ва он ҳам аз қораи Аврупо даъват шудааст.

Камол Алиспоҳич, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон дар ин мақом Олимҷон Рафиковро иваз кард. Даъвати як сармураббӣ барои тими миллии футболи Тоҷикистон барои аввалин бор муяссар мешавад. Ва он ҳам баъди интихоби Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми президенти ФФТ. Ин аз аввалин гомҳои баланди Рустами Эмомалӣ ба унвони сарпарасти тими миллии футболи Тоҷикистон аст.

Рӯзи панҷшанбеи 1-уми март ФФТ қарордоди Камол Алиспоҳичро таъйид кард. Аммо феълан барои танҳо ду моҳ ва бар ивази ҳар моҳе панҷ ҳазор доллар.

Валерий Турсунов, муовини аввали президенти ФФТ, дар ин бора гуфт, «мо барои ду моҳ феълан қарордод кардем. Яъне то поёни бозиҳо дар Непал. Ва баъдан боз ин қарордод тамдид хоҳад шуд. Ҳоло қимати ин қарордод
Валерий Турсунов
Валерий Турсунов
барои моҳе панҷ ҳазор доллар аст. Ҳарчанд мо медонем, ки ӯ арзиши ба маротиб бештаре дорад. Бо мураббии тарбияти баданӣ ва ё мураббии дуввум Алмир Сеферович ҳам мо қарордод бастем, барои ҳар моҳе ба андозаи 3 ҳазор доллар. Баъдан ин қарордодҳо тамдид хоҳанд шуд.»

Камол Алиспоҳич як мутахассиси 46-солаи босниягист, ки муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад. Ӯ солҳои пешин дар дастаҳои «Сараево», «Железничар» (Сараево), «Слобода» (Ужитсе, Сербия), «Дуйсбург» (Олмон), «Кайсериспор» (Туркия) ва «Лозанна-Спорт» (Швейтсария) бозӣ кардааст.

Алиспоҳич шурӯъ аз соли 1997 дар мақоми сармураббии тимҳои «Лозанна» (U-21, Швейтсария), КФ «Этагниерес» (Швейтсария), «Железничар» (Босния ва Герсоговина), «Сараево» (Босния ва Герсеговина), «Сабо» (Эрон), НК «Единство» (Бихач, Босния ва Герсеговина), «Муган» (Саляни, Озарбойҷон), «Ал-Иттиҳод» (Алеппо, Сурия) ифои вазифа намудааст.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар се чемпионат ва Ҷоми Босния ва Герсеговина ғолиб омада, ду бор Суперкубоки Босния ва Герсеговина ва як маротиба Ҷоми Сурияро ба даст овардаааст. Алиспоҳич бо забонҳои немисӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва русӣ сӯҳбат мекунад.

Аммо зарурати даъвати як мураббии хориҷӣ барои мураббигии тими миллии футболи Тоҷикистон дар чӣ буд? Оё вазъи футболи Тоҷикистон ба ҳаде нигаронкунанда буд, ки бояд ба ҳар қиммате мураббии хориҷӣ ва он ҳам аврупоӣ даъват шавад?

Тими футболи «Помир»-и Душанбе дар замони Шӯравӣ аз беҳтарин тимҳои футболи Осиё маҳсуб мешуд. Ба манзури таъмини дубораи мавқеъи Тоҷикистон дар футболи минтақа барои аввалин бор аст, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи даъвати мураббии хориҷӣ истифода мекунад.

Сайидраҳмон Раҳмонов, коршиноси умури футбол дар Тоҷикистон, роҷеъ ба зарурати ин амр мегӯяд: «Боиси нигаронӣ буд, ки солҳои пеш чунин мураббиёни баландихтисос дар ҷумҳурии мо намерасиданд. Аз ин сабаб буд, ки бисёри вақт дастаи мунтахаби мо аз дастаҳои дигар бо ҳисобҳои бузург шикаст мехӯрд. Умедворем, ки ин мураббӣ бозиҳои байни дастаҳои Тоҷикистонро тамошо мекунад ва беҳтарин бозигаронро дар тими миллӣ гирд хоҳад овард.»

Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Алиспоҳич рӯзи 29-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд бозии
охирини сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014-ро дар гурӯҳи “С” бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Дар воқеъ, ин аввалин голи Тоҷикистон дар ин сабқат буд.

Камол Алиспоҳич баъд ин бозӣ гуфт, «ҳуҷумҳои мо дар ин бозӣ хуб буданд. Ҳимоятгарон ва нимҳимоятгарон ҳам хуб амал намуданд. Ман хеле хушҳолам, ки тими мо имрӯз аввалин гол зад. Ва ин ба корҳои ояндаи мо мусоидат хоҳад кард. Ман дастаро 15 рӯз қабл аз ин бозӣ қабул кардам. Даста аз лиҳози тактикӣ чандон хуб набуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ман қаноатмандам, ки футболбозони мо бозиро мусовӣ карданд. Даста нисбат ба чашмдошти ман хубтар бозӣ кард. Пас аз як сол ин даста бо тимҳои аврупоӣ баробар бозӣ хоҳад кард. Дар бозии имрӯза хизмат ман нест, ин хидмати бозигарони мост. Умедворам, ки мо аз бозӣ ба бозӣ беҳтар ҳунарнамоӣ мекунем. Ман ҳоло имкони санҷиши ҳамаи бозигарони Тоҷикистонро надоштам. Ин имконият барои ман ба наздикӣ пайдо мешавад. Рӯйхати бозигаронро тартиб дода, беҳтаринҳоро ба дастаи мунтахаб интихоб мекунам. Аз мухлисон, ки моро дастгирӣ карданд, сипосгузорам.”

Аммо коршиносони тоҷик ба нахустин муваффақияти мураббии хориҷии тими Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳанд?

Салоҳиддин Ғафуров, коршиноси соҳаи варзиш
Салоҳиддин Ғафуров, коршиноси соҳаи варзиш
Салоҳиддин Ғафуров, коршиноси дигари соҳаи варзиш, мегӯяд, бозии тими миллии Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ нишон дод, ки дастаи мо хуб омода шуда буд.

Ӯ мегӯяд, «маълум буд, ки мураббии босниягӣ бисёр машқҳои хуб додааст. Бозигарон аз лиҳози тактикӣ хуб амал карданд. Бештар ҳамла намуданд, дар ҳоле ки дар бозиҳои пешин бештар дарвозаи худро муҳофизат мекарданд. Барои ҳамин бозӣ бо ҳисоби як ба як тамом шуд. Ҳатто мо метавонистем, ки ғалаба ҳам кунем.»

Аммо баъд аз ду моҳ сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон чӣ натиҷа хоҳад дод ва оё қарордоди ӯ тамдид хоҳад шуд? Валерий Турсунов, муовини аввали раиси ФФТ умедвор аст, ки натиҷаҳои хубе ба даст хоҳад омад ва ин қарордод тамдид мешавад.

Ӯ мегӯяд, “мо ба Алиспоҳич миллион ваъда накардаем, вале маблағи қарордод, ба фикрам, ҳарду ҷонибро қаноатманд хоҳад кард. Моҳонаи ӯ тахминан аз 5 то 10 ҳазор долларро ташкил хоҳад дод. Вале Алиспоҳич ба Тоҷикистон на барои пул, балки ҳамчун мураббии ҷавон ба ин ҷо барои худро матраҳ кардан омадааст. Албатта, дар Олмон соҳиби литсензия ё муҷаввизи дараҷаи олӣ шудан ба ӯ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ман бо ӯ сӯҳбат кардам ва дарк намудам, ки Камол мутахассиси хуби футболи аврупоист. Ҳамчунин моро он чиз муттаҳид месозад, ки Босния низ кишвари мусулмонист. Ва замоне ки дар он ҷо ҷанг мерафт, Босния дар рейтинги FIFA дар ҷойи 160-ум қарор дошт. Ҳоло бошад,
Лаҳзае аз бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи шимолӣ.
Лаҳзае аз бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи шимолӣ.
дар феҳристи ҷаҳонӣ дар мақоми 19-ум мебошад, зеро онҳо барномаи дурусти рушди футболро таҳия кардаанд.”

Ин ҳама ба хотири он аст, ки футболбозони тоҷикро мусобиқоти муҳим дар пеш аст. Тими миллии кишвар дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 дар Непал (8-18 март) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард. Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Тоҷикистон бисёр умедвор аст, ки бо сармураббии босниягии худ дар ин бозиҳо муваффақ шавад ва ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 роҳ ёбад.
XS
SM
MD
LG