Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сухан шаҳри Қубаи Озарбойҷонро ба оташ кашид


Ба гуфтаи мақомот дар ин ҳодиса чаҳор нафар, бо шумули як ходими пулис захмӣ шудаанд. Садҳо нафар дар шаҳри шимолушарқии Озарбойҷон бо талаби истеъфои раҳбари маҳаллии худ ба майдонҳо рехтанд. Онҳо тирезаҳои бинои ҳукуматро шикастанд ва чандин хонаро ба оташ кашиданд. Байни тазоҳуркунандагон ва полис даргириҳо ба вуқӯъ пайваст.

Бино бар хабари Бахши озарии Радиои Озодӣ, эътирозҳои худҷӯш чанд рӯз ба ин сӯ идома дошта, мақомот нисбат ба рӯҳияи мардум бепарвоӣ нишон додаанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ бо зиреҳпӯшҳо ва мошинҳои обпош ба таври фаврӣ ба Қуба ворид мешаваанд. Дар ин шаҳр 150 000 нафар ба сар мебарад ва ин яке аз пуриздиҳомтарин намоишҳои эътирозии Озарбойҷон баъд аз ба қудрат расидани раисиҷумҳури феълӣ Илҳом Алиев шумурда мешавад.

Гуфта мешавад, як сухани беэҳтиётонаи раҳбари ҳукумати маҳаллӣ Рауф Ҳабибов, ки мардумро "фурӯхташуда ва хоинҳо" номидааст, сабаби эътирозҳои густарда гардид. Ҳабибов мардуми маҳаллиро танқид кардааст, ки замини худро ба 30 манат (40 доллари амрикоӣ) мефурӯшанд.

Имрӯз ҳазорон нафар ба назди бинои ҳукумат омаданд ва истеъфои Ҳабибовро талаб карданд. Сипас, онҳо хонаи ӯро оташ задаанд.

Тазоҳурот дар Қубаи Озарбойҷон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00
Линки мустақим


Тазоҳуроти хушунатомез дар Озарбойҷон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00
XS
SM
MD
LG