Мирзораҳмат Алиев, устоди фанни тарбияи ҷисмонии ин мактаб, ки ҷараёни машқи шогирдонашро назорат мекард, мегӯяд, бинобар сардии толор, ӯ ба толибилмон иҷозат додаст, ки либосҳои худро ба либосҳои варзишӣ иваз накунанд: «Майдончаи варзишии ҳавлии мактаб пури лой аст, имконияти дар берун дарс гузаштан нест. Толори даруни мактаб ҳам сард аст ва ҳам аз шифташ об мечакад. Чанд вақт пеш шифташ фурӯ рафт ва дарс гузаштан дар ин толор хатарнок шудааст.»
Дилшод мегӯяд, солҳои охир таваҷҷӯҳ ба фанни тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳо хеле коста шудааст ва аксарияти толибилмон ин фанро дуюмдараҷа мепиндоранд ва бархе аз духтарҳо дар дарсҳои варзиш ширкат намекунанд.
Дилором Каримова, коршиноси соҳа иллати хеле кам ширкат кардани духтарон дар дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар минталитети хоси мардуми тоҷик мебинад: «Ман мушоҳида кардам, ки бинобар минталитети миллии мо, аксар духтарони мо дар пӯшидани либосҳои варзишӣ маҳдуданд. Бинобар ин, мо дар барномаи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ пешниҳод кардем, ки агар мактаб имконият дошта бошад, бигзор дарси варзиш барои духтарон ва барои писарон алоҳида гузаронида шавад.»
Вазорати маорифи Тоҷикистон чанде қабл ният дошт, ки бахши махсуси худро оиди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис диҳад. Сиддиқ Муборак, сухангӯи ин вазорат дар ин робита гуфт: «Дар вазорати маориф чунин бахш вуҷуд надорад, вале дар пажӯҳишгоҳи рушди маориф, ки зерсохтори вазорат аст, мутахассисон оиди фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ дар макотиби миёна фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ муаллимон аз ин фан мерасанд, ҳарчанд на ҳамаи онҳо ихтисоси муаллими фанни тарбияи ҷисмониро доранд.»
Мушоҳидаҳои мо аз чанд мактаби миёнаи пойтахти кишвар нишон дод, дар фасли зимистон толорҳои варзишии аксар мактабҳо хеле сард аст. Бинобар ҳамин толибилмон наметавонанд ба пуррагӣ ба тарбияти бадан машғул шаванд. Инчунин бархе аз устодону шогирдони макотиби миёна аз набуд ё куҳнаю фарсуда шудани асбобу таҷҳизотҳои варзишӣ шикоят карданд. Дар бархе аз мактабҳо шоҳиди он шудем, ки дарси варзишро муаллимони дигар фанҳо таълим медоданд.
Аммо Шодӣ Сафаров, раиси Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мегӯяд, ин донишгоҳ ҳамасола муаллимони фанни тарбияи ҷисмониро тайёр мекунад, ки барои ҷумҳурӣ кифоя аст: «Агар дар кадом ноҳияе, ки норасоии муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ бошад, ба мо дархост фиристанд, мо ҳатман мутахассисони омодакардаи худро мефиристем. Мо ҳатто аз курси чор мефиристем, то ки як соли охири таҳсилро бо таҷрибаомӯзӣ сипарӣ кунанд.»
Ҷои зикр аст, ки аксари хатмкунандагони Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ мисли дигар хатмкунандагони макотиби олии кишвар бинобар ночиз будани маоши омӯзгор ба мактаб ҳозир намешаванд ва роҳи мардикориро пеш мегиранд.