Ин қонун дар моҳи декабр тасвиб шуда, барои тардиди қатли ҳудуди 1,5 миллион арманӣ аз сӯи туркони усмонӣ дар соли 1915 то як соли зиндон муҷозот ва ҷарима ба маблағи 45 000 евро таъйин карда буд. Аммо додгоҳи олии Фаронса ҳукм кард, ки ин қонун ҳомили “нақзи ғайриконститутсионии ҳуқуқ ба озодии баён ва муошират” аст.
Туркия билофосила аз ин ҳукм истиқбол кард. Муовини сарвазири Туркия Булент Аринч гуфт, ҳукми додгоҳи Фаронса “дунболи мушкилоти сиёсӣ нарафт ва аз як буҳрони ҷиддӣ дар равобити Фаронсаву Туркия ҷилавгирӣ кард.”
Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, ин ҳукм вакилони парлумони Фаронсаро дар оянда аз тасвиби чунин қонунҳо манъ хоҳад кард ва ӯ умедвор аст, ки давлати Фаронса ба ҳукми додгоҳаш арҷ хоҳад гузошт.
Дар пайи тасвиби қонуни марбут ба генотсиди арманиҳо, Туркия равобиташ бо Фаронсаро маҳдуд сохт ва аз ҷумла истифодаи киштиҳову ҳавопаймоҳои ҷангии Фаронса аз бандарҳо ва фурудгоҳҳои Туркия ва ҳам парвози бидуни иҷозати пешакии ҷангандаҳои фаронсавӣ аз ҳарими ҳавоии Туркияро манъ кард.
Довудуғлу гуфт, давлати Туркия акнун дар Анкара шароити азсаргирии тамосҳои иқтисодиву сиёсӣ ва низомӣ бо Порисро баррасӣ хоҳад кард: “Ин ҳукм ҳанӯз нав аст. Мо мавзӯи таҳримҳоро бо сарвазиру раисиҷумҳур ва кобина баррасӣ хоҳем кард. Мо умедворем, давлати Фаронса ба ҳукме, ки қозиёни маъруфаш содир кардаанд, арҷ хоҳад гузошт.”
Аммо ба дунбол, раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ба ҳукми додгоҳ бо амри наваш ба кобина барои таҳияи тарҳи нави қонуни муҷозот барои тардиди генотсиди арманиҳо посух дод. Вакили парлумони Фаронса Валерӣ Бойер гуфт, ӯ аз ин тарҳи ҷадид “бо ифтихор” пуштибонӣ хоҳад кард.