Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чакани Кӯлоб дар Ҳинд


Ширкати «Чакан» - и шаҳри Кӯлоб, ки муддати ду ҳафтаи ахир дар фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва гурӯҳҳои этнографӣ дар Ҳинд ҳузур дошт, ба Тоҷикистон баргашт.

Он гуна, ки Зариф Валиев, раиси ширкати «Чакан» ба РО гуфт, «ширкати «Чакан» дар чорчӯби ин ҷашнвора, ки садҳо гурӯҳи этнографӣ аз кишварҳои мухталифи шарқ, назири Эрон, Афғонистон, Покистон, Непол, Камбоҷа ва ғайра иштирок доштанд, тавлидоти хешро ба маърази тамошо ва фурӯш гузошт.»

Ба гуфтаи ҷаноби Валиев, маҳсулоти ширкати онҳо, ки аз тоқӣ, рӯмоли миён, куртаҳои кӯдаконаву пиронаҳи занона, кокулчаҳо ва сӯзаниҳои дастӣ иборат будааст, мавриди таваҷҷӯҳи иштирокдорони фестивал гардида ва хуб харидорӣ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Зариф Валиев, дар маҷмӯъ 30 килограм аз маҳсулоти дастӣ омодашудаи ширкатро ба ҷашнвораи Ҳинд армуғон бурда буд ва ҳар кадоми он аз 10 то 100 долларӣ фурӯхта шуданд.

Афзун бар ин раиси ширкати «Чакан» мегӯяд, ширкатҳои ҳиндӣ барои ҳамкорӣ бо ширкати Тоҷикистонӣ дар заминаи таҳияи либосҳои чакан изҳори омодагӣ кардаанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
Линки мустақим


Сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд низ ба маcъулони ширкат ваъдаи кӯмаку мусоидат барои густариши ҳамкориҳои ширкати «Чакан» бо дигар аз ширкатҳои ҳиндӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷашнвораи ҳунарҳои дастии Ҳинд, беш аз 100 ширкати тавлидотӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии этнографӣ ширкат кардаанд ва рӯзона беш ҳудуди 1,5 миллион нафар тамошобини ин фестивал будааст.

Зеро бар иловаи намоиш - фурӯши ҳунарҳои дастӣ, гурӯҳҳои ҳунарии мардумӣ низ барои тамошобинон барномаҳои консертӣ нишон медоданд. Ба иттилои Зариф Валиев, Тоҷикистонро дастаи ҳунарии «Ҷаҳоноро» намояндагӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол ширкати «Чакан» барои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе бо ширкати сарони бархе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор шавад, омодагӣ дорад.

Зеро он гуна, ки Зариф Валиев, раиси ширкати «Чакан» гуфт, Вазорати фарҳанг ва палатаи савдо ва саноат ҷиҳати омода кардани маҳсулоти мухталифи чаканӣ, назири тоқиву рӯймол ва пироҳану сузаниҳо ба ин ширкат супориш додаанд.

Зимнан, ширкати «Чакан» танҳо тавлидкунандаи маҳсулоти сӯзандӯзӣ ва анвои мухталифи чакан дар Тоҷикистон аст ва беш аз 50 зани хатлонӣ ин тавлидотро бо дастони худ таҳия мекунанд.

Ин ширкат дар соли 2005 ба муносибати 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб таъсис шудааст.

Ин буд, ки тоқиву пироҳанҳои чакан, ки тавассути занони ҳунарманди ин ширкат дӯхта шуда буданд, рамзи ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб гардид ва тамоми меҳмонони ин иди бошукӯҳ ба истилоҳ «чаканборон» шуд.

Муддати чанд соли фаъолият, ширкати «Чакан» тавонист дар чандин ҷашнвораҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Эрон, Чин, Русиву Белорус ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG