Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳо барои хитоби "Назарбоев -- истеъфо!"


Мухолифини ҳукумати Қазоқистон дар шаҳри Алматӣ гирдиҳамоии бидуни иҷоза доир карданд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар гирдиҳамоӣ тақрибан 300 нафар ширкат доштанд. Ҳашт кас барои талоши убур кардан аз сафи кормандони пулис боздошт шуданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, вақте кормандони полис талоши иҳота намудани гурӯҳе аз ҷамъомадагонро карданд, миёни онҳо ва муҳофизони тартибот моҷаро хест.

Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ талаб намуданд, ки мухолифини боздоштшуда - раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Олға" Владимир Козлов, сардабири нашрияи "Взгляд" Игор Винявский раҳо карда шаванд ва мақомот муҷримони ҳалокати одамон зимни саркӯбсозии намоиши эътирозӣ дар Жанаозенро ҷазо диҳанд.

Болат Абилов
Болат Абилов
Аммо чанд тан аз созмондиҳандагони эътирозҳо қабл аз гирдиҳамоӣ боздошт шуданд. Бо яке аз онҳо Болат Абилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии “Азат” дар ҳоле ҳамсӯҳбат шудем, ки ӯ дар як шӯъбаи милисаи шаҳри Алматӣ буд. Болат Абилов ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ҳозир дар шӯъбаи милисаи ноҳиявием, моро аз дафтари корамон соати ёздаҳуним боздошт карданд. Аз ин рӯ, мо натавонистем дар гирдиҳамоӣ ширкат кунем. Ҳоло дар шӯъбаи милисаем, дар ин ҷо панҷ соат моро нигоҳ доштанд ва аз ин ҷо ба додгоҳи маъмурӣ мебаранд."

Радиои Озодӣ: Ба шумо “ваъда” карданд, ки ҳабс мекунанд?

Болат Абилов: "Бале, бале, шояд ки ҳабсамон кунанд. Моро аз ин пештар ҳам барои ташкили гирдиҳамоии беиҷоза барои 15 шабонарӯз ҳабс карда буданд. Ин ба он маъност, ки мақомот аз тарзи бархӯрди шадид кор гирифтаанд ва онҳо намехоҳанд ба мухолифон барои баргузории намоишҳои эътирозӣ имкон диҳанд."

Радиои Озодӣ: Шумо узви кумиссиюни мустақили тафтиши ҳаводиси Жанаозен ҳастед. Оё тайи ду моҳи ахир далелҳои нав дар робита ба он ҳодисаҳо дастрас шудааст?

Болат Абилов: "Одамони мо ба он ҷо рафтаанд ва ҳоло ҳам он ҷоянд. Дар Жанаозен мо бо мардум сӯҳбат мекунем, одамон дар бораи он ҳодисаҳо ва мушкилоти худ гап мезананд, яке дар он ҳаводис нафаре аз пайвандонашро аз даст додааст, дигаре аз боздошти пайвандонаш шикоят мекунад. Албатта, ҳарфҳои нав зиёданд... Ман узр мехоҳам, ба мо телефонӣ сӯҳбат карданро манъ карда истодаанд..."

Ин ҷо сӯҳбати мо бо Болат Абилов, ҳамраиси ҳизби сотсиал-демократии Азат, қатъ шуд.

Моҳи декабри соли гузашта бар асари саркӯбсозии намоиши эътирозии кормандони ширкати нафт дар Жанаозен 16 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад каси дигар ҷароҳат бардоштанд.​

Боздошти эътирозгарон дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG