Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фараж: "Пахши рақамӣ ё ташвиши рақамӣ?"


Таҷлили солгарди таъсиси Артиши Миллии Тоҷикистон ва хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

«СССР» дар матлаби «Армия ва тарс», мавзӯи даъвати ҷавонон ба хизмат дар Артиши миллиро ба чолиш кашидааст. Нашрия ба ин аст, ки «имрӯз аксарияти кулли бачаҳои вазирон, депутатҳо, сарватмандон, бонкирон, раисони ҳукуматҳо дар ҳама сатҳу зинаҳо аз хизмат дар Артиш метарсанд». Ба навиштаи нашрия, «О метарсанд, ки ба хизмат намераванд, охир! Ва ин тарсро мехоҳанд тавассути ҳангомаҳо, дасисаҳо, иғвоҳо, сенсатсияҳои бардурӯғ бар қалби мардуми одии ҷасуру боғайрат дохил кунанд. Наметавонанд!». Зеро ба таъкиди муаллифи матлаб, «ман бо чашми худ, ҳарчанд облаваҳоро мебинам, вале саф-саф ихтиёран ба Армия рафтани ҷавонони тоҷикро ҳам дидаам!».

"Озодагон" сабаби худдории бархе аз ҷавонони тоҷик барои хизмат дар Артишро ба вуҷуди калонсолорӣ ё худ «дедовшина» дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон марбут донистааст. Ҳарчанд ба таъкиди нашрия, ин падида дар даврони Шӯравӣ низ роиҷ будааст, аммо ба нақл аз коршиносон навиштааст, ки «албатта ин як фазои кӯҳна аз замони Шуравӣ ба ҳамон маъно буд. Вале бештар густариш пайдо кардани чунин як калонсолорӣ ё бузургсолорӣ ё ба ҳар солорҳои дигар дар Артиши мо, дар заминаи Фронти Халқӣ таъсис ёфтани Артиши миллӣ мебошад». Зеро ба таъкиди ин коршиносон, «ба ҳар ҳол дар умум Фронти Халқӣ ангезаи манфӣ дар тамоми афкори қишри муайяни ҷомеаи Тоҷикистон дорад». Нашрия омили аслии барҳам хӯрдани ба истилоҳ «дедовшина» дар Артишро дар ба роҳ мондани хизмати алтернативӣ медонад.

«Тоҷикистон» мусоҳибаеро бо генерал Сайидамир Розиқов, сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсии вазорати мудофиа анҷом додааст, ки вай гуфтааст, «офтобро бо доман пӯшонда намешавад . Имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аксаран фарзандони коргару деҳқон хизмат мекунанд». Генерал Розиқов аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо даъват кардааст, ки «бояд дар марвиди даъвати ҷавонон пешоҳанг бошанд». Зеро ба гуфтаи генерал Розиқов «агар ҳар яке (манзур раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоят) як ҷиян ё фарзанди худашро оварда гӯяд, ки марҳамат, фарзанди ман ба армия меравад, фикр мекунам, ки мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро меёбаду ҳам сафи қувваҳои мусаллаҳ пурра мешавад.»

«Миллат» дар матлаби «Путин: Ман ҳастам», мавзӯи дубора ба сари қудрат омадани Владимир Путинро матраҳ кардааст. Аммо нашрия навиштааст, ки «Бо ба сари қудрат омадани Путин як чунин таҳаввулоти чашмгир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба амал намеояд, илло агар раҳбарони ин давлатҳо агар дубора ба «оғӯш» -и гарму нимсарди Кремл нараванд, баъид аст, ки тағйиру ислоҳ ҳатмӣ хоҳад буд». Нашрия менависад, «ҳамин эътирофи ахири Путинро метавон ҳушдоре ба роҳбарони феълии кишварҳои ОМ донист, ки гуфт: «Асокири рус дар ҳар куҷо аз манфиати мо ҳимоят мекарданд, дар Тоҷикистон, дар Қафқоз ҳам. Ҳатто дар бархе ҳолат ҷон бохтанд, аммо номус нигоҳ доштанд». Муаллифи матлаб аз баёни Путин ин бардоштро кардааст: «Путин бори дигар эълом дошт, ки «Ман ҳастам» интизори ман бошед.»

«Нигоҳ» дар ин бора дар матлаби «Бозӣ бо … қоидаҳои русӣ» изҳороти Путинро чунин шарҳ додааст, «масъалаи асосӣ он аст, ки президенти ояндаи Русия гуфтанист, ӯ бо ҳар роҳу иқдоми мумкину номумкин ҳузури низомии кишварашро дар минтақаҳои зери нуфузи қаблӣ аз нав эҳё хоҳад кард». Ба навиштаи нашрия, «Қафқоз маълум, ки чӣ мушкил дорад, бо Русия ё Кремл. Дар Осиёи Миёна масъалаи Қирғизистон буд, ки ахиран пас аз ду президенти фирорӣ ва як муваққат ҳалли худро ёфт. Дар Узбакистон коре кардан хавфнок аст ва танҳо мебояд «рӯзи мабодо» - и президенти кӯҳансолро интизор шуд. Мемонад Тоҷикистону Туркманистон.»

«Нигоҳ» дар пасманзари талошҳо барои таъсиси Ҳизби ҷавонон ва пайдо шудани дигар ҳизбу ҳаракатҳо ба суоли «Оё ҷомеаи кишвар ниёз ба ҳизби дигаре дорад?» посух ҷустааст. Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар ҷавоб ба ин суол гуфтааст, ки «умуман ҷавонони ҷомеаи Тоҷикистон ба Ҳизби ҷавонон ниёз доранд ё не, ин пеш аз ҳама ба фикру ақидаи ишон бастагӣ дорад. Вале имрӯз барои ҷавонон як ҳаракат ва ё созмоне вуҷуд надорад, ки онҳоро мутаҳҳид кунад». Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуфаттоҳ Воҳидов, бар ин назар аст, ки «ҷомеаи демократӣ дар асоси гуногунандешӣ шакл пайдо мекунад. Яъне ҳамаи табақаҳои ҷомеа бояд ҳаққи иштирок дар корҳои давлатиро дошта бошанд». Дар акси ҳол, инро демократия намегӯянд, балки ин танҳо «демократӣ» - бозист.

«Фараж» мавзӯи гузариши телевизионҳои давлатӣ ба пахши рақамиро ба баррасӣ гирифта ва онро «Ташвиши рақамӣ» унвон кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «аз ҳама чизи асосие, ки ҳафтаи гузашта мардумро ба ташвиш андохта буд, ин ба шакли рақамӣ гузаштани шабакаҳои телевизионии кишвар ба ҳисоб меравад». Нашрия менависад, «телевизионҳое, ки бе пул онҳоро кам нафарон тамошо мекарданд ё мекунанд. Телевизионҳое, ки ба ғайр аз одамони замони шӯравӣ ва фармоишгарони рекламаҳо ва дӯстдорони рақсу суруд, дигар бинанда надоранд.»

«Имрӯз нюс» бо таваҷҷӯҳ ба фасли сарди зимистон ба баррасии камбуди неруи барқ ё таъмини аҳолии кишвар ба он пардохта ва навиштааст, ки «барқ талаф не, дуздида мешавад». Ба навиштаи нашрия, «мақомоти расмии Тоҷикистон талафоти энергияи барқиро дар кишвар то 17 дар сад мегӯянд, аммо тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ин рақам то ба 25-30 дар сад мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари вакилони порлумон, меъёри зиёдтар аз 13 дарсад дуздии энегияи барқӣ беш нест.»
XS
SM
MD
LG