Бо эълони ин нукта сухангӯи Вазорати нафти Эрон Алиризо Некзод Раҳбар гуфт, кишвараш ин нафтро ба “муштариёни дигар хоҳад фурӯхт.”
Қатъи судури нафт ба ду кишвари Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле иттифоқ афтод, ки Теҳрон аз ҳафтаҳо ба ин сӯ таҳдид мекард, ки дар посух ба силсилаи таҳримҳо фурӯши нафт ба ҳамаи аъзои ин эътилофро бас мекунад. Иттиҳоди Аврупо моҳи гузашта таҳримҳои аз гузашта шадидтареро зидди барномаи ҳастаии Эрон роҳандозӣ кард ва мегӯяд ин барнома ҳадафи таслиҳотӣ дорад. Эрон ин иттиҳомро рад мекунад.
Таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида додугирифтҳои бонкӣ ва саноати нафти Эронро ҳадаф гирифтаанд ва бино бар онҳо кишварҳои зиёде қарор аст, хариди нафти Эронро сар аз 1-уми июли соли равон қатъ кунанд. Дар ҷавоб порлумони Эрон аз ҳукумати ин кишвар хост, пеш аз ин сана давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро аз нафти худ маҳрум кунад.
Аммо Меҳрдоди Имодӣ, мушовири иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар Лондон мегӯяд, Бритониё ва Фаронса аз муштариёни асосии нафти Эрон дар Аврупо нестанд ва бештари нафти Эронро Итолиё, Испониё ва Юнон харидорӣ мекунанд: “Ин як қадами эҳтиёткорона ва бештар як рамзи сиёсист, ки барои ҳеҷ яке аз тарафҳо пайомадҳои ҷиддии иқтисодӣ надорад.”
Ҳамзамон ҷаноби Имодӣ бар ин аст, ки Эрон бо ин роҳ ба муштариёни асосии худ дар Иттиҳоди Аврупо низ паём медиҳад, ки бояд ба чунин иқдом омода бошанд. Вале ин дар ҳолест, ки худи ин кишварҳо бино бар тавофуқи умумии Иттиҳоди Аврупо сар аз 1-уми июл дигар нафти Эронро харидорӣ нахоҳанд кард.
Ҳафтаи гузашта Эрон гуфт, фурӯши нафтро ба шаш кишвари Иттиҳоди Аврупо – Ҳолланд, Юнон, Фаронса, Португалия, Испониё ва Итолиё қатъ хоҳад кард. Теҳронр афзуд дар иваз кардани нп мушатриён ба мушкиле рӯбарӯ нахоҳад шуд.
Эрон баъд аз Арабистони Саудӣ дувумин содиркунандаи асосӣ дар миёни кишварҳои ОПЕК аст. Он дар рӯз 3,5 миллион бушка нафт истихроҷ ва 2,5 миллион бушка содир мекунад. Ҳафтод дарсади нафти Эрон ба кишварҳои Осиё, махсусан Чин ва Ҳиндустон фиристода мешавад. Фурӯши нафт бахши асосии даромади ҳукуматро ташкил медиҳад.