Рустаборони Латвия бисёр мехостанд, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми давлатӣ дода шавад. Яъне, забони русӣ ба унвони "забони дуввуми расмӣ" дар ин кишвар эътироф гардад. Аммо аз панҷ минтақаи Латвия танҳо сокинони Латгалия аз мақоми расмӣ додан ба забони русӣ ҷонибдорӣ кардаанду тамом.
Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Латвия гуфт, ки дар ин овоздиҳӣ бештар аз 70 дарсади аҳолии қобили раъй иштирок кардаанд.
Шоми шанбе, 18-уми феврал, дар телевзиону радиоҳои Латвия натоиҷи аввалияи ин раъйпурсӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Яке аз ташаббускорони баргузории ин раъйпурсӣ, раҳбари ҷамъияти "Забони модарӣ" Владимир Линдерман изҳор дошт, ки ҳадафи раъйпурсӣ оғози муколама ё диалог миёни русзабонҳо ва латишҳо буд. Вай илова кард, ки "раъйпурсӣ охири кор нест. Рустаборон барои ҳуқуқҳои баробар мубориза хоҳанд кард."
Пеш аз баргузории овоздиҳӣ созмони "Забони модарӣ" умевдор буд, ки ҳадди акқал 300 ҳазор сокини Латвия аз мақоми расмӣ додан ба забони русӣ дар ин кишвар ҷонибдорӣ мекунанд. Интизорие, ки бароварда нашуд.
Бино ба иттилои хабаргузориҳо, бар зидди мақоми расмӣ додан ба забони русӣ дар Латвия ҳудудан 820 ҳазор нафар овоз додаанд.