Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунозира бо Хоманаӣ: Эрон на ором аст, на бо нишот


Муҳаммади Нуризод, нависандаи эронӣ, дар номаи бози худ ба номи Оятуллоҳ Хоманаӣ аз низоми ҳоким дар Эрон интиқод кардааст.
Муҳаммади Нуризод, нависандаи эронӣ, дар номаи бози худ ба номи Оятуллоҳ Хоманаӣ аз низоми ҳоким дар Эрон интиқод кардааст.

Муҳаммади Нуризод дар номаи 23-юм ва саркушодаи худ ба Хоманаӣ нисбат ба ҳамлаи хориҷӣ ҳушдор додааст.

Ин норозии сиёсӣ дар хитоб ба раҳбари ҷумҳурии исломӣ гуфтааст, ки танҳо бо бозгашт ба сӯи мардум метавон аз газанди ҳамлаи хориҷӣ дар амон монд.

Ҷаноби Нуризод, ки барои нигориши чунин номаҳо моҳҳо дар зиндон будааст, нигаронии худро дар қолаби пурсишҳое бо Оятуллоҳ Хоманаӣ дар миён мегузорад. Ӯ мепурсад: "Оё онҳо ба мо ҳамла хоҳанд овард ва бисоти моро бархоҳанд чид? Оё онҳо моро хоҳанд шикаст ва бар чоҳҳои нафти мо хайма хоҳанд зад?"

Ин норозии сиёсӣ дар бахше дигар аз номаи худ мегӯяд, чӣ шудааст, ки бархе аз мардум ба дахолати низомии хориҷӣ ризоият доданд ва худ дар посух менависад: "Чун ба ин расидаанд: Ҳоло, ки ҷамоате аз сарони ин низом аз мо мехӯранду мебуранд ва табоҳ мекунанд, бигузор як чанд вақте ҳам амрикоиҳо бар сари ин суфра бинишинанд."

Нуризод бо ишора ба изҳороти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар охирин намози ҷумъаш, ки гуфт, чаро бархе мегӯянд кишвар дар бӯҳрон аст, менависад, "кишвари мо на ором аст, ва на бо нишот." Вай мегӯяд, ҳамон душман, ки Хоманаӣ ҳамвора аз он сухан мегӯяд, имрӯз барои барчидани бисоти мо омодааст.

Нуризод дар хитоб ба раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон менависад, танҳо роҳи раҳоӣ аз банди таҳримҳо ва дур мондан аз газанди ҳамлаи хориҷӣ, бозгашт ба мардум ва бозсозии эътимод ё бовари мардум аст.

Вай мегӯяд, "агар толиби бақо дар ду ҷаҳонед, чорае ҷуз рӯ овардан ба мардум надоред. Эътимодатонро аз посдорони фарбеҳ бигиреду ба мардум -- ҳама мардум -- чи кофар ва чи мусулмон рӯ оваред. Ин танҳо роҳи бақои мо ва Шумост. Мардум агар мо ва Шуморо бовар кунанд, худашон аз паси таҳримҳо ва таҳдидҳои байналмилалӣ бархоҳанд омад."

Муҳаммади Нуризод чанде пеш аз бисёре аз чеҳраҳои саршинос хоста буд, бо навиштани номаҳои боз ба Оятуллоҳ Хоманаӣ нисбат ба хатарҳое, ки кишвар ва миллати Эронро таҳдид мекунад, ҳушдор бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG