Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонуни матбуот ҳанӯз таҳрир мехоҳад?


Рухшона Олимова, намояндаи Бунёди Сорос (нафари дуввум аз тарафи чап)
Рухшона Олимова, намояндаи Бунёди Сорос (нафари дуввум аз тарафи чап)

Аз баҳси банду моддаҳои тарҳи қонун “дар бораи воситаҳои ахбори умум” бармеояд, ки он ба таҳрири ҷиддӣ ниёз дорад.

Дар баррасие, ки рӯзи панҷшанбе дар Душанбе ҷараён гирифт, ба назар мерасид, ки аксар бобу моддаҳои тарҳи қонун дар бораи воситаҳои ахбори умум ҳанӯз баҳсбарангез мебошанд.

Вале бештар коршиносону аъзои гуруҳи корӣ дар мавриди моддаи 19-ум, ки “Ҳуқуқи раддия ва посух ба он” унвон дорад, баҳс карданд. Ҳамчунин, пешниҳоди таҳрир ва ислоҳи бандҳои моддаи 25, яъне “Ҳолатҳои махсуси фош накардани манбаи ахбор” таваҷҷӯҳи аксариятро ҷалб кард.

Тибқи ин модда ба додгоҳ ҳақ дода шудааст, ки дар сурати ба баҳс кашида шудани навиштае муаллифи он, яъне хабарнигорро маҷбур созад, ки манбаи пинҳонии худро ошкор кунад. Рухшона Олимова, намояндаи Бунёди Сорос ва яке аз муаллифони ин тарҳ тақозо кард, ки ба нукоти ин модда рушанӣ андохта шавад. Ӯ гуфт, “масалан, дар ин модда омадааст, номи шахсеро зикр намоед, ки ахбор додааст. Яъне ҳамчун манбаи журналист изҳори назар кардааст, вале хоҳиш дорад, ки номаш оварда нашавад. Охир, ин нақзи ҳуқуқи журналист аст.”

Вақте мо ин масъаларо бо мушовири президент Хурсандмурод Мирзоев дар миён гузоштем, ӯ гуфт, “албатта, дар робита ба моддаи 25 шарҳ шаффотар бошад. Зеро ин модда ҳақ медиҳад, ки журналист манбаи пинҳонии худро фош насозад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.”

Аслан ҳамин марҳила, журналистону коршиносонро то андозае ба ташвиш овардааст, ки дар сурати ба додгоҳ кашида шудани навиштаи рӯзномангор додгоҳ метавонад аз ҳар роҳе манбаи пинҳонии ӯро ошкор созад.

Аз ҷараёни баҳс ва пешниҳоду тағйироте, ки аз тарафи ширкаткунандагон гуфта мешуд, ба назар мерасад, ки ҳанӯз тарҳи ин қонун ҷиддан ба таҳрир ниёз дорад.

Журналистҳо мехоҳанд, аз тарҳи қонун “дар бораи воситаҳои ахбори омма”, ки дар ояндаи наздик барои хониши аввал ба порлумон пешинҳод мешавад, қонуне дуруст шавад, ки ҳуқуқҳои аҳли матбуотро тавонад ҳифз бикунад.
XS
SM
MD
LG