Чин эълон кард, ки ҳамин ҳафта намояндаи боломақоми худро ба Сурия мефиристад, то дар ҳали “сулҳомез”-и муноқишаи ин кишвар кӯмак кунад. Рӯзи панҷшанбе вазорати хориҷаи Чин гуфт, Жай Ҷун –муовини вазири хориҷа рӯзҳои ҷумъа ва шанбе (17-18 феврал) аз Сурия боздид мекунад. Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки қарор аст шоми имрӯз ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ баргузор шавад ва дар он қатъномаеро ба райдиҳӣ гузоранд. Дар ин қатънома саркӯбии мухолифони режими Башор Асад дар 11 моҳи ахир дар Сурия маҳкум мешавад.