Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари духтарчаи ивазшуда зидди тарбияи тоҷикист


Аз тарафи рост: Анна Искандарова, Неъмат Искандаров, Юлия Беляева ва Ирина Андрушак
Аз тарафи рост: Анна Искандарова, Неъмат Искандаров, Юлия Беляева ва Ирина Андрушак

Юлия Беляева аз тарзи тарбияи духтари биологияш дар хонадони тоҷикон нигаронӣ карда, ба додгоҳ шикоят кардааст.

Юлия Беляева, модари яке аз духтароне, ки ҳанӯз 13 сол пеш дар зоишгоҳи Копейски вилояти Челябинск иваз шудаанд, дубора ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ӯ талаб дорад, ки додгоҳ ҳуқуқи модарияшро барқарор намояд, яъне духтари биологии худро соҳиб шавад.

Хонум Беляева дар номаи шикоятии худ гуфтааст, аз шева ё тарзи тарбияи духтари биологияш дар хонаводаи тоҷикон нигарон аст. Қазияи иваз шудани духтари Юлия Беляева бо духтари Неъмат Искандаров, тоҷики муқими Копейск соли гузашта ошкор шуд.

Дар пайи муроҷиати онҳо додгоҳ қазияро баррасӣ намуда, шифохонаи ин шаҳрро 6 миллион рубли русӣ ҷарима баст. Он вақт хонум Беляева бо хонаводаи Искандаровҳо мувофиқат карданд, ки дар паҳлуи якдигар хона бунёд карда, духтаронро якҷоя тарбия хоҳанд кард.

Неъмат Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Юлия мехоҳад духтари биологияшро, ки дар дасти хонаводаи Искандаровҳост, бо тарзи худаш, яъне русӣ тарбия кунад. Вай афзуд, "мо тоҷикон мусулмонем. Духтарҳои мо дар дискоклубу кинотеатрҳо беҳуда набояд гарданд. Пешдомани кӯтоҳу танг напӯшанд, вале ӯ мехоҳад духтарашро ҳамин тавр тарбия кунад.”

Неъмат илова кард, ки Юлия ҳамчунин мехоҳад дар шаҳодатномаи таваллуди духтараш номи ӯ ҳамчун модар сабт шавад ва ӯ ҳар вақте хост бидуни иҷоза духтарро назди худаш бубарад. Ба қавли Искандаров, духтари ӯ Мадина ном дорад, на Аня, тавре ки Юлия ӯро ном мегирад. Худи духтар ҳеҷ хоҳиш надоштааст, ки бо модари билогиаш якҷоя бошад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим


Неъмат Искандаров мегӯяд, "ин ҷо муҳим на назари ман аст, на аз Юлия Беляева. Муҳим назари духтарҳост, ки дар куҷо мехоҳанд зиндагӣ кунанд. Ҳоло духтарҳо дар куҷое, ки бузург шудаанд, дар ҳамон ҷо мехоҳанд зиндагӣ кунанд." Ин тоҷики муқими Русия гуфт, қарор буд, ин ду хонавода дар наздикии ҳам хона бунёд кунанд, то рафтуомад осонтар шавад. Юлия пешниҳод кардааст, ки Неъмат хонаи заминиашро бо хонаи бисёрошёна дар назди манзили Беляева иваз кунад, вале ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ хонаи заминиашро бо манзили бисёрқабатта иваз карданӣ нест.

Додгоҳи шаҳри Копейск рӯзи 15-уми феврал шикояти Беляеваро қабул карда, вале қарор намудааст, ки нахустин рӯзи мурофиаро 15-уми март баргузор хоҳад кард.

17 декабри соли 1998 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Копейски вилояти Челябински Русия завҷаи Неъмат Искандаров ва Юлия Беляева духтар ба дунё меоранд. Вале бо амри тақдир навзодҳо иваз мешаванд. Волидон тасодуфан баъди 12 сол аз иштибоҳи табибон огоҳ шудаанд. Юлия Беляева, ки аз шавҳараш талоқ гирифта буд, барои дарёфти алиментпулӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Шавҳари ӯ дар навбати худ аз Юлия хостааст, то ташхиси ДНК анҷом бидиҳанд, ки падарии ӯ исбот гардад. Додгоҳ мегӯяд, бино бар натиҷаи ташхис ҳам Юлия ва ҳам шавҳари ӯ волидони аслии Ирина набудаанд.

Юлия Беляева ва шавҳари ӯ бо кӯмаки пулис тавонистаанд, ки духтари аслии худро пайдо кунанд. Духтари аслии Юлия, тӯли ин муддат дар хонаводаи тоҷикон Искандаровҳо тарбия меёфт. Ҳамчунон ташхиси ДНК муайян карда буд, ки Юлия ва шавҳараш духтари аслии Искандаровҳоро ба воя мерасониданд.
XS
SM
MD
LG