Шӯрои умумии инқилоби Сурия, созмони мухолифони ин кишвар гуфт, шумори кушташудагони рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи нерӯҳои давлатӣ камаш ба 117 нафар расид, ки қисмати зиёди онҳо аз Ҳумс ҳастанд.
Дар баёнияи ин Шӯро омадааст, "аз соатҳои аввали рӯзи чаҳоршанбе, 8-уми феврал, нерӯҳои давлатии Сурия шаҳри Ҳумсро бо мушак ҳадаф қарор доданд."
Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи баргузории нишасте бо шарикони байнулмилалии худ дар ояндаи наздик барои мутаваққиф сохтани кушта шудани ғайринизомиён дар Сурия аст.
Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", сухангӯи Кохи Сафед дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфтааст, "ин нишасти дӯстони Сурия хоҳад буд ва ба эҳтимоли зиёд тасмимҳое гирифта мешаванд, ки ироаи кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Сурия низ шомили он мебошад."
Туркия ҳам фаъолиятҳои дипломатии худро дар Сурия тақвият бахшидааст. Ахиран Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия бо Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия телефонӣ гуфтугӯ анҷом додааст.
Нахуствазири Туркия, ки ветои қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи Сурия аз сӯи Чин ва Русияро "шикасти ҷомеаи ҷаҳонӣ" тавсиф карда буд, дар қонеъ кардани Маскав барои тағйири мавқеаш бо монеаҳои зиёде рӯ ба рӯст.
Ин дар ҳолест, ки Сергей Лавров, вахири умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дидору мулоқот кард. Ӯ гуфт, президент Асад ба муколама бо мухолифин омодааст.
Ба қавли Сергей Лавров, натиҷаи чунин музокирот набояд аз тарафи ҷомеаи байнулмилалӣ пешқазоват шавад. “Ҳар натиҷаи музокироти миллӣ бояд дар чорчӯби ризояти тарафҳои музокироти байнисуриягиҳо буда, аз сӯи мардуми ин кишвар қабул шавад”,-илова кард Лавров.
Ҷаноби Лавров ҷонибҳои манфиатдорро даъват кард, ки аз таъсири худ рӯи мухолифин истифода бурда, онҳоро ба музокирот бо ҳукумати Сурия ташвиқ кунанд.