Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бидуни “Истиқлол”


Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе 12-уми феврал оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин мусобиқа бо ширкати шаш даста (панҷ дастаи лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Энергетик”-и Душанбе, “Шодмон”-и Ҳисор, “Гвардия”-и Душанбе ва як тими лигаи якум - “Локомотив”-и Душанбе) дар варзишгоҳи "Автомобилист"-и пойтахти кишвар баргузор хоҳад шуд.

Вале дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар, дар ин мусобиқа иштирок намекунад. Ба гуфтаи сармураббии даста Олимҷон Рафиков “Истиқлол” охири ҳамин ҳафта ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар ин ҷо тӯли ду ҳафта идома хоҳад кард. Дар ҷараёни омодагӣ ба мавсими нави футбол, “Истиқлол” дар Туркия якчанд бозии контролӣ анҷом медиҳад.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - барпо мегарданд.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум
12-уми феврал (якшанбе)


10.00. "Шодмон" - "Гвардия"
12.00. ССКА "Помир" - "Энергетик"
14.00. "Локомотив" - "Регар-ТадАЗ"

Даври 2-юм
14-уми феврал (сешанбе)


10.00. "Гвардия" - "Регар-ТадАЗ"
12.00. "Энергетик" -"Локомотив"
14.00. "Шодмон" - ССКА "Помир"

Даври 3-юм
16-уми феврал (панҷшанбе)


10.00. ССКА "Помир" - "Гвардия"
12.00. "Локомотив" - "Шодмон"
14.00. "Регар-ТадАЗ" - "Энергетик"

Даври 4-ум
18-уми феврал (шанбе)


10.00. "Гвардия" - "Энергетик"
12.00. "Шодмон" - "Регар-ТадАЗ"
14.00. ССКА "Помир" - "Локомотив"

Даври 5-ум
20-уми феврал (душанбе)


10.00. "Локомотив" - "Гвардия"
12.00. "Регар-ТадАЗ" - ССКА "Помир"
14.00. "Энергетик" - "Шодмон"
XS
SM
MD
LG