Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби экспертҳои тарҳи Роғун аз Бонки Ҷаҳонӣ


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Мутахассисони ширкати "Poyry" аз Бонки Ҷаҳонӣ хостаанд, то мӯҳлати ташхиси нерӯгоҳи Роғун тамдид шавад.

Ҳоло гурӯҳи мутахассисони ширкати "Poyry" аз замони муайяншудаи кор дур монда ва аз Бонки Ҷаҳонӣ талаб доранд, ки мӯҳлати кори онҳо, яъне ташхиси фаннӣ ва иқтисодиву зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи Роғун дароз карда шавад.

Қаблан қарор шуда буд, ки коршиносони ташхиси тарҳи Роғун хулосаи санҷиши худро на дертар аз моҳи майи соли ҷорӣ пешниҳод намоянд.

Интизор меравад, ҳафтаи оянда музокироти намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақомоти Тоҷикистон баргузор гардад. Роберт Свален, сардори гурӯҳи экспертии ширкати "Poyry" -- масъули таҳқиқи иҷтимоиву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ҳам мегӯяд, пас аз он рӯшан хоҳад шуд, ки пажӯҳиши лоиҳаи Роғун боз то чанд вақти дигар идома хоҳад кард.

Ба видеожурналисти "Озодӣ", ки муяссар шуд бо ҷаноби Свален гуфтугӯе анҷом диҳад, нахуст аз ӯ дар бораи шеваи ташхис ё экспертизаи тарҳи нерӯгоҳи Роғун пурсидааст.

Ӯ гуфтааст, "дар ҳар пружаи бузург, ки Бонки Ҷаҳонӣ дахл мекунад, дар баробари омӯзишҳои фаннӣ ҳатман таъсири ин лоиҳа ба вазъи иҷтимоӣ ва муҳити зист мавриди омӯзиш қарор мегирад."

Роберт Свален дар робита ба тамоси гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақомоти Узбакистон ҳангоми ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун афзудааст, "мо бо маъмурияти Узбакистон ва ё намонядагони ин кишвар дар тамос нестем. Вале бо ниҳодҳои мухталиф, бо вазоратҳои мухталиф дар Тоҷикистон тамос дорем, ки ба ин кор ҷалб шудаанд ва моро бо маълумоти
зарурӣ таъмин мекунанд."


Дар навори зер: Гуфтугӯ бо пажӯҳишгари тарҳи нерӯгоҳи Роғун

Гуфтугӯ бо Свален, пажӯҳишгари тарҳи Роғун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG