Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикони кӯкнорпарвар" дар театрҳои Лондон


Дар намоишномаи "Freedom" як хонаводаи тоҷик ба унвони истеҳсолгари маводи мухаддир нишон дода шудааст.

Рӯзи 25-уми январи соли ҷорӣ дар театри “Аркола”-и Лондон намоишномае бо номи "Фридом" ё "Озодӣ" рӯйи саҳна омад, ки Тоҷикистонро ба унвони кишвари истеҳсолгар ва содиркунандаи маводи мухаддир нишон медиҳад.

Дар ин намоишнома рӯзгори як хонаводаи тоҷик ба тасвир кашида шудааст, ки онҳо ба парвариши кӯкнор машғуланд ва хоҷагии махсуси кӯкнорпарварӣ ҳам доранд. Аммо ба саҳнагузорандагони намоишнома гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо қиёси рӯзгори як хонаводаи тоҷик бо зиндагии мудерн ё муосири англисҳост.

Ин намоишнома моҳҳои оянда дар дигар театрҳои Бритониё низ ба намоиш хоҳад даромад.

Лаҳзае аз намоишнома
Лаҳзае аз намоишнома
Дар нақшҳои асосӣ сарвари хонавода Бенҳем ва писари ӯ Фарид бозӣ кардаанд. Бенҳем соҳиби як хоҷагии кӯкнорпарварист, вале гурӯҳи нашъаҷаллобон мехоҳанд, хоҷагияшро аз ӯ бигиранд.

Вай бошад, писари худ -- Фаридро ба Бритониё фиристода, аз ӯ мехоҳад, ки аз он ҷо арӯси аврупоӣ биорад.

Фарид ҳарчанд намехост, аммо ба Бритониё рафта ва дар он ҷо бо духтари испанитабор -- Ҷеннифер ошно мешавад. Нақши Ҷенниферро дар намоишнома Риэн Перл офаридааст.

Тоҷикистон борҳо дар филмҳо ва гузориши телевизионҳои Русия ҳамчун кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маводи мухаддир ҷилва дода мешавад. Аммо ин барои аввалин бор аст, ки дар кишварҳои аврупоӣ Тоҷикистон, махсусан Бритониё, ҳамчун кишвари содиркунадаи маводи мухаддир ба намоиш гузошта шудааст.



XS
SM
MD
LG