Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломи шӯравӣ ва хориҷа - имтиёзи кор дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати шаҳри Душанбе барои интихоби муттахассисон ба ҷойҳои холии корӣ озмун эълон карда таъкид кардааст, ки ҳангоми интихоб ба кадрҳои шӯравӣ ва дар хориҷ аз кишвар таҳсилкарда имтиёз дода мешавад.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, ҳамаи шаҳрвандон метавонанд дар ин озмун ширкат кунанд, вале дар интихоб мақомоти пойтахти Тоҷикистон ба нафароне бартарӣ медиҳанд, ки аз донишҳои замонавӣ бархӯрдор бошанд.

Ҷаноби Саидов афзуд, ин озмун то 27-уми феврал идома хоҳад кард ва натиҷаи он рӯзи 29-уми ҳамин моҳ эълон хоҳад шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик
Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири торнамои “Озодагон” ин тасмими шаҳрдориро муҳим хонда гуфт, воқеан сифати таҳсил дар замони Шӯравӣ аз ҳоло дида ба маротиба боло буд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми фаъолияташ ба ҳайси муҳаррир, борҳо мушоҳида кардааст, дониши онҳое, ки замони Шӯравӣ макотиби олиро хатм кардаанд, хеле баланд аст.

Вай гуфт, "ман агар ҳоло барои нашрия ягон кадри нав интихоб карданӣ шавам, албатта, ба кадрҳои Шӯравӣ ва дар хориҷа таҳсилкарда бартарӣ медиҳам. Чунки онҳо воқеан таҳсилдидаанд.”

Хилватшоҳи Маҳмуд афзуд, аксар ҷавонони тоҷик 5 соли умрашонро дар донишггоҳҳои Тоҷикистон барбод додаанд.

Ёқуби Саид, ҷавоне, ки ду сол қабл Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, мегӯяд, ҳарчанд ин хабар маъюскунанда аст, вале воқеият аст. Ӯ гуфт, "ба назарам ҳукумати шаҳр борҳо хатмкунадагони макотиби олиро, ки дар замони истиқлолият таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб
Ёқуби Саид
Ёқуби Саид
карда шоҳиди он шуд, ки онҳо саводу малакаи зарурӣ надоранд. Ин иқдоми шаҳрдорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми маорифи кишвар дар бунбаст қарор дорад ва он ба бозори баҳою диплом табдил ёфтааст.”

Дар ҳамин ҳол, Азим Байзоев, коршиноси масоили маориф тасмими шаҳрдории Душанберо "фоли нек" дониста ва мегӯяд, кордиҳанда ҳақ дорад ҳангоми интихоби кормандон шартҳои худро бигузорад: “Ба назарам, тарзи шартгузории шаҳрдорӣ зимни интихоби кадрҳо он қадар саҳеҳ набошад. Вале мағзи гап дар он аст, ки маҳаки асоси зимни интихоби мутахассис истеъдодро қарор додаанд.”

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси масоили маориф мегӯяд, ба гурӯҳҳо аз рӯи макону замони таҳсил раддабандӣ кардани мутахассисон чандон мантиқӣ, нест: “фикр мекунам ҷудо кардани мутахассисон аз рӯи макон ва замони таҳсилашон он қадар мантиқӣ нест. Беҳтар мебуд, як озмуни воқеӣ ташкил мешуд, ки нафарони арзандаро ба кор ҷалб мекард.”

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ
Чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои тақвият бахшидан ба масъулияти роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат дар низоми хоҷагидорӣ дастур дод, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд, бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.

Дониши ҷавонони имрӯзаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG