Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Имом омад". Сию се сол баъд


Рӯзи 1-уми феврал дар Теҳрон солгарди 33-юми бозгашти оятуллоҳ Хумайниро бо як маросими аҷибу ғарибе таҷлил карданд.

Дар ин маросим ба монанди 1-умифеврали соли 1979 як сурати қоғазии Имом Хумайниро аз ҳавопаймо фароварданд ва ӯро издиҳоми бузург “пешвоз” гирифт. Ин маросим бахше аз Даҳаи Фаҷр буд. Даҳаи Фаҷр 10 рӯзест, ки аз бозгашти имом Хумайнӣ дар 1-уми феврали соли 1979 то пирӯзии инқилоби исломӣ дар 11-уми феврали ҳамон сол гузашт.

33 сол пеш оятуллоҳ Хумайнӣ баъди 14 соли ғурбат аз Порис бо ҳавопаймои ширкати “Air France” ҳамчун фотеҳ ба Теҳрон баргашт. Ва акнун баъди 33 сол сурати қоғазии ӯро ба бозӣ кашиданд ва аз як ҳавопаймои мусофирбари пиллаҳояш бо гулу гулдаста орододашуда фароварданд. Сурати қоғазии имомро дар фурудгоҳ оркестру паради низомӣ ва ҳам издиҳоми мардум “истиқбол” кард.
Тайи 33 соле, ки аз инқилоби исломӣ мегузарад, шеваҳои аҷибу ғариби таҷлили он, албатта кам набуд. Вале маросими рӯзи чоршанбе аз он ҳама таҷлилҳои қаблӣ “гузаронд.”

Сурати дигари низ қоғазӣ, вале ин бор бо чеҳраи пурханда ва дар курсӣ нишастаи имом Хумайниро ҳамин тавр дар расми таҷлил аз солгарди бозгашти имом ба мактаби Рафоҳ бо ширкати вазири маорифи Эрон Ҳамидризо Ҳаҷбобоӣ ва мақомоти дигар истифода карданд. Сурати Хумайнӣ дар курсӣ нишаста буд, вале бақия бо вуҷуди эҳсоси каме нороҳатӣ, чой менӯшиданду чақ-чақ мекарданд.

Ҳадафи мақомоти Ҷумҳурии исломӣ аз тадвири маъракаҳо бо суратҳои қоғазии Хумайнӣ ё “Имоми муқоваӣ”, зоҳиран намоиши бозгашти ӯ ҳамчун як лаҳзаи муҳим дар таърихи муосири Эрон буд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки ин шеваи таҷлил натиҷаи баръакс дода, мояи шӯхиву танз ва шарҳҳои хандадор дар байни эрониҳо шудааст. Вақте Хумайнӣ ба Эрон баргашт, як хабарнигори хориҷӣ аз ӯ суол карда буд, ки аз бозгашт ба ватан чӣ таассуроте фарояш гирифтааст? Посухи машҳури Хумайнӣ ин буд ки : “Ҳеҷ.” Акнун дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет латифае чарх мезанад, ки: “Аз имоми муқоваӣ мепурсанд, ки чӣ эҳсосе дорад аз бозгашт ба Эрон? Мегӯяд, ки он худобиёмурз одам буд, ҳеҷ эҳсосе надошт, ман ки муқоваам.”


Аммо “Имоми муқоваӣ” баъди 33 сол ба Эроне баргашт, ки аз он Эрони ба мардум ваъдакардаи Хумайнӣ комилан фарқ мекунад. Ӯ дар оғози инқилоб аз озодӣ ва адолат мегуфт, вале Эрони имрӯз ба маҳзи сиёсатҳои саркӯбгаронааш ба интиқоди созмонҳои байналмилалӣ рӯбарӯст ва шикоф байни ақшору бою фақир дар кишвар торафт бузургтар мешавад.

Шавқу шӯри инқилобӣ дар қалби мардум кайҳо ба яъсу навмедии фарогир ҷой холӣ карда, дар ин 33 сол хеле аз падарону бачаҳои инқилоби исломӣ, ки соли 1979 дар канори Хумайнӣ буданд, аз майдон рӯфта шуданд. Аз ҷумла сарвазири собиқ Мирҳусайни Мӯсавӣ, ки зери чатри ҳимояти имом Хумайнӣ қарор дошт, ҳолиё ба мухолифин пайваста, аз феврали соли гузашта дар ҳабси хонагист.

Мақомот яке дигар аз раҳбарони инқилоб Маҳдии Каррубиро низ ба ҳабси хонагӣ андохтаанд. Раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба далели рақобаташ бо раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ва интиқодаш аз саркӯбии ошӯбҳои пасоинтихоботӣ низ канор зада шуд ва дар инзивоъ ба сар мебарад.

Як нафар дар Теҳрон ба саҳна даровардани сурати қоғазии имом Хумайнӣ, ё “Имоми муқоваӣ”-ро як шӯъбадабозии мақомоти имрӯзаи Ҷумҳурии исломӣ номид, ки акнун, ба ақидаи ӯ, мехоҳанд бо чунин бутсозиҳо даъвои машруият кунанд.

Гулноз Исфандиёрӣ, шореҳи масоили Эрон , пиромуни чунин шеваи таҷлил аз солгарди бозгашти Имом Хумайнӣ дар як гуфтугӯи кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG