Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди Жириновский. Кадом қатли ом?


Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "қатли оми аҳолии рус дар оғози солҳои навадум"-ро беасос донист.

Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе (2 феврал) гуфт, "дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ мухолифат байни гурӯҳҳои тоҷик ҷараён дошт ва далелҳои хаёлии “қатли оми аҳолии рус” мавҷуд набуд."

Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва публисист Егор Холмогоров дар шабакаи НТВ дар бораи "ҳолатҳои қатли оми аҳолии руси Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум" сӯҳбат карданд.

Жириновский дар ин гуфтугӯи телевизиониаш ҳамчунин аз мақомоти Русия даъват намуд, ки нерӯи кории беруна, махсусан аз Тоҷикистон ба ин кишвар ҷалб нашаванд.

Аммо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин даъвоҳоро беасос номида ва гуфт, ки эҳтимол дар ин бора ба мақомоти Русия нота ё ёддошти эътирозӣ низ бифиристад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ, "мо аз чунин изҳороти беисботи ин ходимони Русия дар тааҷҷуб буда, доир ба адами вокуниши муносиб ва раддияи расмӣ аз ҷониби ҳукумати Русия пиромуни изҳороти хусуматомез нисбати миллати тоҷик, нашр ва пахши он дар ВАО ибрози таассуф мекунем."

Масъулони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки расонаҳои Русия минбаъд аз нашр ё иҷозаи пахши чунин изҳорот, ки "ҳеҷ асос надошта, танҳо ба барангезиши ихтилофҳои миёни миллатҳо нигаронида шудааст", худдорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG