Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканди "азиз". Лутфи Амрико ба давлати Каримов


Дар акс: Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон
Дар акс: Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Иёлоти Муттаҳида таҳрими ироаи кӯмакҳои низомиаш ба Узбакистонро муваққатан бардоштааст.

Нақши муҳими ин кишвари Осиёи Марказӣ дар амри интиқоли кӯмакҳо ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, як далели аслии чунин имтиёз барои Тошканд гуфта мешавад.

Вашингтон ироаи кӯмакҳои низомӣ ба давлати Ислом Каримовро ҳанӯз дар соли 2003 ба маҳзи нигарониҳояш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон қатъ карда буд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, ин таҳрим алайҳи Узбакистон расман аз рӯзи 18 январ бардошта шуд: “Касе аз зарурати гуфтугӯҳои мушкил фирор карданӣ нест. Бо ин ҳама, мо ҳамчунин манфиатҳо ва чизҳои дигаре ҳам дорем, ки бояд дар равобит бо Узбакистон ҳифз кунем.”

Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Виктория Нуланд афзуд, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон лағви ин таҳрим алайҳи Узбакистонро ба сӯди манфиатҳои миллии Амрико медонад ва пайдо кардани роҳҳои мутмаини дастрасӣ ба Афғонистон барои ироаи ёриҳои Амрико ба он кишвар низ дар ин тасмим нақш доштааст. Аммо хонум Нуланд гуфт, Вашингтон дар масоили доғе, чун ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти низом, ҳамчунон ба Тошканд фишор хоҳад овард: “Мо ин ақидаро, ки касе метавонад масоили ҳуқуқи башарро озодона сарфи назар кунад, сароҳатан рад мекунем."

Виктория Нуланд гуфт, лавозимоте, ки ироа хоҳанд шуд, аз ҷумла дурбинҳои шабона, ҷавшанҳо ва таҷзҳизоти GPS табиати сирф дифоӣ доранд ва ба тавонмандиҳои Узбакистон дар амри таъмини амнияти масирҳои ба сӯи Афғонистон афзуда, нерӯи Тошканд барои муқобила бо терроризми фаромиллиро тақвият хоҳад дод.

Таҳрими расондани кумакҳои низомӣ ба Узбакистон то моҳи сентябри соли 2013 мутаваққиф шудааст. Ба назари коршиносон, маҳз аҳамияти Узбакистон барои таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистон сабаб шуда, ки Ғарб, аз ҷумла Амрико ва Аврупо, аз сардии уфтода дар равобити онҳо бо Тошканд баъд аз саркӯбии бераҳмонаи эътирозҳои моҳи майи соли 2005 дар шаҳри Андиҷонро “фаромӯш” кунанд ва давлати Каримовро дар чашми худ дубора “азиз” гардонанд.

Беш аз 80 дарсади таъминоти нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон аз самти шимол маҳз тавассути Узбакистон амалӣ мешуд. Бо қатъ шудани ҳаракати қаторҳо ба вилояти Хатлони Тоҷикистон Узбакистон дар ин “бозор” амалан ба як монополист табдил шуд. Афзоиши ҳамлаҳо ба корвонҳои роҳии Афғонистон дар ағбаи стратегии Хайбари Покистон аҳамияти масири шимол ва табъан Узбакистонро барои Ғарб бештар кардааст. Бахусус, дар пешорӯи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 такмил шавад.

Музаффари Мирзо, шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, Афғонистон барои Ғарб хеле муҳимтар аз масоиле, чун вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон аст ва аз ин рӯ, таҳриме, ки ба маҳзи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ҷорӣ шуда буд, баъди 9 сол бидуни кадом пешрафте дар ин масъала бардошта шуд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG