Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми тасдиқи салоҳияти ҳайати нави роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар дасти мардум то 1 миллиард доллари амрикоӣ дар гардиш аст ва яке аз вазифаҳои раёсати нави Бонки миллии кишвар ин аст, ки бо роҳҳои ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ин сармоя ҷалб ва дар таъмини қарз барои соҳибкорону тоҷирон истифода шавад: «Тахминан севуним милиард то чаҳор миллиард сомонӣ дар дасти мардум аст, дар гардиш аст. Ин маблағҳо бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ба гардиши пуливу қарзӣ ҷалб карда шаванд. Бубинед ин қариб 700-800 миллион то як миллиард долларро ташкил медиҳад.»
Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли ҳозир сарбахш ё баҳраҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ба маротиб баланд аст ва ин боис шудааст, ки соҳибкорон наметавонанд бо бонкҳо ба таври зарурӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ҷаноби Зуҳуров дар ҳоле ба ҷалби маблағҳои мардум ба низоми бонкӣ ишора мекунад, ки бархе аз коршиносони соҳа иҷро шудани ин тавсияро зери шубҳа мегузоранд.
Мунир Калимуллоев, коршиноси мустақил мегӯяд, вай мутмаин нест, ки дар ҳоли ҳозир то чаҳор миллиард сомонӣ дар дасти мардум бошад. Зеро бо он ки қурби асъори миллӣ ҳамеша дар ҳоли калавиш аст, мардум бар устувории он шубҳа доранд. Ҷаноби Калимуллоев мегӯяд, барои баҳрабардорӣ аз пули дасти мардум на Бонки миллӣ, балки иқтисоди кишвар бояд рушд кунад, яъне муассисаҳо саноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият пардозанд: «Ин миқдор пул агар дар дасти мардум ҳам бошад, бо сомонӣ нест. Барои он, ки мардуми кишвар он қадар ба сомонӣ эътимод надорад. Аз сабаби он, ки қурби сомонӣ ба таври номуайян тағйир меёбад. Ин маблағҳо бошад ҳам дар дасти мардум ё бо доллар ё бо евро ва ё бо рубли русӣ нигоҳ дошта мешавад. Мардум ба бонкҳо эътимод надорад. Чанд бонкҳои мо, ки муфлис шуд аз қабили «Соҳибкорбонк» ва «Тоҷикбонкбизнес» ва нафароне, ки пасандозҳо доштанд он пасандозҳои худро гирифта натавонистанд. Ва дигар хоҳиш кардан аз Бонки миллӣ, ки фоизи қарзии бонкҳоро кам кунад он қадар ба шароит мувофиқ намеояд. Зеро бозор аст, бозор худаш муайян мекунад. Ба таври фармон ва ё супориш бозорро идора карда намешавад.»
Яке дигар аз нукоте, ки раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлоси парлумон таъкид кард ин буд, ки бонкҳои кишвар ва бахусус бонкҳои тиҷоратӣ бояд мустақим дар бахши тавлиду истеҳсолоти ватанӣ ширкат варзанд ва аз раиси нави Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов даъват кард, ки ба иҷрои ин тавсияҳо талош варзад.
Ба навбати худ ҷаноби Ширинов, раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон, ки салоҳият ва ваколатҳои ӯро ба ин мақом парлумон низ таъйид кард, гуфт, ки барномаҳои тозаи ҳамкориро бо бонкҳои дохилӣ ва низ созмонҳои байналмилалӣ дар нақша дорад. Вай афзуд, як рӯз қабл аз бозгашташ ба ватан, бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул мулоқот дошт ва масъулони ин муассисаи молии байналмилалӣ аз вазъи иқтисодии кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд: «Бояд гӯям, ки як рӯз пеш аз ба ҷумҳурӣ бозгаштан бо дигар масъала бо муовини президенти Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ доштем ва дар онҷо низ масъалаҳои Тоҷикистонро бо ҳам муҳокима кардем ва онҳо якчанд рӯз пеш аз ин натиҷаҳои иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуда буданд ва натиҷаи ин баррасии онҳо хеле мусбат буд.»
Зимнан бо онки раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иваз шуд, кадом дигаргуние дар бозори пул ва ҳамин тавр қурби сомонӣ -- пули миллии ин кишвар пеш наомадааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони пешини Бонки миллиро ба он муттаҳам мекарданд, ки қурби сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ бар таври сунъӣ нигоҳ дошта мешавад.
Аммо Абдуҷаббор Ширинов низ гуфт, натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2011-ро мусбат арзёбӣ мекунад. Вай афзуд, бо ин вуҷуд, ки барномаҳои наверо дар оянда ба нақша гирифтааст, аммо сиёсати пуливу қарзии соли 2012-ро, ки аз сӯи масъулони пешини ин ниҳод таҳия шудаааст, ба иҷро хоҳад расонд.