Онҳо дар ин кор аз амалкарди мудирони мактаб норозианд, ки ба гуфтаи онҳо аз тариқи бонк гирфтани моҳона барои мудир судманд нест ва ба ин далел дар иҷрои ин амал кашолкорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи кормандони бонк, дар бархе аз амали мудирони мактаб фасодкорӣ низ ҷой дорад ва ба ин далел намехоҳанд, ки омӯзгорон моҳонаи худрпо аз тариқи бонкҳо дарёфт кунанд.
Моҳи январи соли 2012 ба поён расиду вале мушкилоти моҳонаи омӯзгорони мактабҳо боқӣ мондааст. Саймоҳ Одинаева, муаллимаи яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфт, ҳамин моҳонаи ночизро омӯзгорон дар вақташ намегирад: «Имрӯз охири моҳи январ аст. Аксар омӯзгорони мактаби мо, ки дар шароити хеле сангин ба сар мебаранд, ҳоло аз дигарон қарз карда рӯзгори худро пеш мебаранд.»
Бархе аз омӯзгорони мактаби 86 -и пойтахти Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки аз се моҳ бад ин сӯ кортҳои пластикии бонкиро дар даст доранд, вале аз тариқи банкоматҳо наметавонанд, пули худро бигиранд. Ба гуфтаи онҳо, барои мудири ин мактаб муфид он аст, ки пулро на аз тариқи бонк, балки худаш оварда ба омӯзгорон тақсим кунад.
Далели ин амали мудирони мактабҳоро Самандар Искандаров, рӯзноманигор ва таҳлилгари бахши маориф чунин шарҳ дод, «директори мактаб агар манфиатдор набошад, пас ба моҳонаи муаллим чӣ кор дорад? Дар ин ҷо омилҳо зиёданд. Масалан, ҳодисаҳое, ҳаст, ки баъзе директорҳо пул бо як рӯйхат ё ведемост аз банк гирифта бо ведемости дигар ба омӯзгорон тақсим мекунанд. Зеро дар руйхати омӯзгорони бархе аз мактабҳо, муаллимоне маошгиранд, ки худ дар Русия кор мекунанд.»
Як корманди "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, ки: "Мо кортҳои пластикии бонкиро барои он роҳандозӣ карданием, ки ҳамин мушкилиҳо аз байн биравад.»
Аз сӯи дигар ба гуфтаи бархе аз муаллимон, масъалаи дигаре роиҷ аст, ки мудирони мактаб аз муаллимон ё омӯзгорон талаб мекунанд, ки аз мактаббачаҳо пул ҷамъ кунанд.
Ба гуфтаи Райҳона Самадова, муаллимаи яке аз мактабҳои пойтахт, ин маблағ пештар 5 сомонӣ буд, ҳоло ба 8 сомонӣ расидааст. Дар баъзе мактабҳо ба гуфтаи вай ин пули сарикассӣ унвон мешавад, ки гӯё ин пули ҷамъшуда дар охир барои шикасту рехти мактаб масраф мешуда бошад. Вале дар асл ба гуфтаи бархе аз муаллимон, ин пул дар ихтиёри мудири мактаб аст ва дар охири сол ба илова, барои таъмири мактаб пул ҷамъ карда мешавад. Пулҷамъкунӣ дар зодрӯзи мудири мактаб ва омӯзгорон ва идҳо беҳисоб аст.
Дар ҳамин ҳол Нуриддин Саидов, вазири тозатаъини маориф, рӯзи сешанбеи 31-уми январ директорони мактабҳои пойтахтро ба як мулоқот даъват карда ва то ҷое мо иттилоъ дорем, дар ҳамин ҷаласа масъалаи пулҷамъкунӣ аз хонандагон бар асоси шикояти бархе аз волидайн ва муаллимон матраҳ шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран шаҳрдори Душанбе бар пояи шикояти мардум ва камбудиҳои мавҷуд дар соҳаи маорифи шаҳр, тақозо кард, то мудирони мактабҳое, ки беш аз 5 сол дар ин вазифа ҳастанд, барканор ва ҷойи онҳо ҷавононро ҷалб карда шаванд. Идораи маорифи шаҳри Душанбе эълом кард, ки 40 тан аз мудирони мактабҳои пойтахт аз мақомҳоли худ маҳрум хоҳанд шуд. Зимнан дар шаҳри Душанбе 140 мактаби миёна фаъол аст.