Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж": Хушомадгӯйи №1 ба президент кист?


Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз хушомадгӯӣ ва тамаллуқкории мақомоти давлатӣ, ки ахиран дар ҷаласаи солонаи ҳукумат садо дод, дар меҳвари матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.

«СССР» дар матлаби «Подхалимиро бас мекунем?» навиштааст, ки «хеле, хеле ва хелеву хеле хуб шуд, ки президенти мо Эмомалӣ Раҳмон садди роҳи подхалимизм шуд. Ба таҳқиқ, агар касе ниёз ба хушомаду лаганбардорӣ надорад, ҳамин Эмомалӣ Раҳмон аст.»

Ба навиштаи нашрия, «подхалимҳои давлатӣ онҳое ҳастанд, ки паси пардаи тамаллуқ курсии худро ҳифз мекунанду бас! Ва дигар инро тамаллуқи холӣ не, ки риё , дурӯягӣ ва дугунагӣ мехонанд, ки риёкор дар ҳар ду ҷаҳон сазовори нафрин аст!».

«Нигоҳ» навиштааст, ки «мавзӯи сафарҳои пурдабдаба ва серхарҷи президенти Тоҷикистон ба маҳаллҳои кишварро расонаҳои мустақил беш аз 5 сол аст, ки мавриди танқид қарор медиҳанд. Аммо ин масъала ҳалли худро намеёфт. Ба назар мерасад, инак ин мушкил барои президент ошкор шудааст ва ӯ хулосаи худро гуфт.»

«Озодагон» дар ин робита аз забони Ҷаҳонгир Бобоев, коршиноси тоҷик навиштааст, ки «фикр намекунам, ки дар Тоҷикистон коре бидуни огоҳии президент амалӣ гардад. Воқеан агар ӯ мехоҳад раванди барояш «нописанд»-ро аз байн бубарад, пас ба ниҳодҳои давлатӣ дастури ҷиддӣ бидиҳад. Ё худ сафарҳои ғайринақшавӣ ташкил бикунад.»

Нашрия дар идомаи ин матлаб менависад, «коршиносон ин таъкидҳоро бозии сирф сиёсӣ арзёбӣ карда ва мегӯянд, танҳо барои моил кардани мардум равона шудаанд.»

«Фараж» дар ин замина суоли «Хушомадгӯӣ рақами як ба президент кист?» матраҳ кардааст, ки дар посухи он ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов гуфтааст, «хушомадгӯйи рақами як ба шахси аввал, афроди наздики ӯ, яъне шахсони гирду атрофаш ҳастанд ва ҳамчунин роҳбарони шаҳру навоҳӣ.»

Рӯзноманигор Ҷовид Муқим бар ин назар аст, ки «хушомадгӯйёни рақами якуми президент албатта мансабдорони зинаҳои гуногун мебошанд. Ман мутмаинам, то он вақте, ки коррупсия вуҷуд дорад ва тамаллуккорӣ боиси сари вазифа омадан ё мондан дар вазифа шудаааст, аз байн бурдани хушомадгӯӣ кори осон нест.»

Аммо Усмон Солеҳ, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин аст, ки «хушомадгӯӣ барои эҳтиром аст, чун ин вобаста ба менталитету психологияи мардуми тоҷик ва умуман мардуми шарқ аст, ки нисбати роҳбар эҳтиром доранд.»

Ҷаноби Солеҳ мегӯяд, «албатта дар баъзе ҷойҳо дар баъзе ҳолатҳо ин эҳтиром аз ҳад мегузарад ва ба хушомаду тамаллуқ мубаддал мегардад.»

«Имрӯз нюс» дар матлаби «Чаро президентро намешунаванд?» ба нақл аз раҳбарияти бархе аз аҳзоби сиёсӣ самимияти эроди президентро дар ин бора зери суол бурдааст. Нашрия навиштааст, ки «бархе дигар мегӯянд, ки мушкили мадҳу ситоиш ба шахсияти президент пеш аз ҳама ба фасод дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ишора мекунад.»

Афзун бар ин, коршиносон ба нашрия гуфтаанд, ки «президент ин масъаларо борҳо таъкид кард, аммо гӯё ӯро касе намешунавад. Аммо чаро ин «гапнодароӣ» боиси аз мансабҳои давлатӣ дур карда шудани нафарони алоҳида намегардад?.»

«Миллат» нақши расонаҳои бо ном давлатиро дар хандахариш кардани президент таъкид карда ва навиштааст, ки «сисёсати тамаллуқ ва шеваи хушомадгӯйӣ меъёри зиндагии мансабдорони мо гардида, онҳо тавонистанд, тамоми ақшори ҷомеаро ба хушомадгӯйиву мадҳу сано гуфтан одат бидиҳад.»

Нашрия бо ишора ба таъкиди президент навиштааст, «соли нави 2012 ҳам оғоз ёфт ва дигар тамаллуқ нагӯед. Вале барои мо ҳанӯз рӯшан нест, ки ин хулқу хӯро метавонем ба осонӣ аз хуну пусти худ бикашем ва ба зиндагии воқеӣ ва ростин рӯ биорем.»

Ба навиштаи нашрия, "агар ин бор ҳам тамаллуқу хушомадгӯйӣ аз зеҳнҳои мо дур нашаваду онро тарк нанамоем, дигар мо наметавонем миллати сарбаланду мағрур бошем ва зиндагии созандаеро роҳандозӣ намоем."

«Азия плюс» мавзӯи маҳалгароӣ дар Тоҷикистонро ба чолиш кашида ва дар пурсише аз хонандагон будан ё набудани онро ҷӯё шудааст. Аксарияти пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар воқеъ маҳалгароӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва он чӣ мояи таассуф будааст, ки ин падида дар миёни ҷавонону донишҷӯён ба шиддат густариш пайдо кардааст.

Донишҷӯйдухтар Таҳмина афзудааст, ин амр паёмади манфӣ ба бор хоҳад дошт. Танҳо Муҳаммад, донишҷӯи 20 сола гуфтааст, ки «фикр мекунам, чунин мушкилот вуҷуд надорад. Ман аз Панҷакент барои таҳсил ба Душанбе омадам ва соли дуввум аст, ки бо ҷавонони манотиқи мухталифи Тоҷикистон таҳсил дорам. Бо ҳамдигар муносибати хубу самимӣ дорем ва ҳеҷ гоҳ ихтилофе миёни мо сар назадааст.»
XS
SM
MD
LG