Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳонаҳои беҳдоштӣ - силоҳи Русия дар сиёсату тиҷорат?


Геннадий Онишенко, сартабиби санитарии Русия
Геннадий Онишенко, сартабиби санитарии Русия

Ҳафтаи равон сартабиби санитарии Русия ишора кард, ки сифати панири украинӣ паст шудааст.

Одатан баъди ин гуна ишораҳои Геннадий Онишенко, Маскав содироти ин навъи маҳсулот ба Русияро манъ мекунад. Таҳдиди ба содироти панири украинӣ замоне садо медиҳад, ки Маскаву Киев рӯи нархи гази табиӣ ихтилофи назар доранд.

Дар гузашта ҳам Маскав аз чунин шева кор гирифта, содироти маҳсулотии ширии Беларус, шароби Молдова, обҳои маъдании Гурҷистон ва хушкмеваи Тоҷикистонро низ мутаваққиф карда буд.

Бисёре аз коршиносон ҳангоми пахши ҳушдорҳои сартабиби санитарии Русия Геннадий Онишенко дар бораи “пастшавии ногаҳонии” сифати содироти маҳсулоти муайян, таъкид мекунанд, ки сарчашмаи баҳс дар ҷои дигар аст.

Ҳоло Киев ва Маскав рӯи нарх ва миқдори содироти гази Русия ба Украина мушкилӣ доранд ва боиси тааҷҷуб ҳам нест, ки дар панири украинӣ камбудӣ ташхис шудааст. Ҳафтаи равон Онишенко изҳор намуд, ки панири украинӣ бо истифода аз равғани нахл пухта мешавад. Аммо истифодаи равғани нахл дар дастурҳои беҳдоштии Аврупо манъ нашудааст.

Коршиносон эълони Онишенкоро сароғози манъи содирот ва фишор болои Украина маънидод мекунанд. Солҳои гузашта Маскав дар баҳсҳояш бо дигар ҷамоҳири Шӯравӣ аз ҳамин силоҳ истифода бурда, содироти шароби Молдова, маҳсулоти ширии Беларус ва обҳои маъдании Гурҷистонро манъ карда буд.

Моҳи ноябр ҳангоми баҳси Душанбеву Маскав рӯи сарнавишти халабонҳои ширкати русии Ролкан дар Қурғонтеппа, Онишенко аз он ҳам фаротар рафта, истирдоди мардикорони тоҷик аз Русияро дар миён гузошт. Ба қавли сартабиби санитарӣ, дар байни мардикорони тоҷик шумораи беморони Спид ва сил афзоиш ёфтааст.

Иқтисодшиноси украинӣ Иҳор Бураковский бо ишора ба баҳси Маскаву Киев мегӯяд, шояд масъала дар панир набошад: “Украина ба таври муназзам аз шомилшавӣ ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон сарпечӣ мекунад. Ҳамчунон Украина аз ҳамоиши амиқтар дар соҳаи газ худдорӣ мекунад. Аз ин рӯ, зоҳиран, изҳороти ахир аксуламал ба ҳамин мушкилиҳост.”

Имсол баъди талошҳои 19-сола Русия ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат шомил хоҳад шуд. Оё ба ҳайси узви ин созмони муътабари байналмилалӣ ҳам табибони санитарии Русия имкон хоҳанд дошт, ки тавассути манъи воридоти маҳсулот дар пайи ҳалли мушкилиҳои сиёсиву иқтисодии Маскав шаванд?

Шореҳи Донишгоҳи иқтисодии Лондон Стивен Валкок мегӯяд, сарфи назар аз ӯҳдадориҳо дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, қудрати мақомоти беҳдоштии Русия коҳиш нахоҳад ёфт. Аммо Валкок илова мекунад, ки ҳар узви ин созмон содироту воридоташро бар асоси меъёрҳои умумӣ қабул кардаанд ва агар кадом кишваре мехоҳад воридоти чизеро манъ кунад, бояд асноди рӯшани мутобиқ ба меъёр набудани онро нишон диҳад.

Ҳамчунон Валкок хотирнишон мекунад, ки созмон роҳи ҳалли чунин мушкилиҳоро пешбинӣ кардааст ва агар иттиҳом собит нашавад, кишвари даъвогар ҷазо мегирад:
“Агар масалан, Русия иттиҳомашро собит карда натавонад, бояд қарори манъи воридотро бекор ва зиёни кишвари содиркунандаро ҷуброн кунад. Яъне Украина ҳақ пайдо мекунад, ки содироти Русияро манъ ва ё маҳдуд кунад. Дар ҳар сурат ин раванд вақти зиёдро дар бар мегирад.”
XS
SM
MD
LG