Қурбониён сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Сафарбек Қушбеков, Зафар Солиҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳирҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров будаанд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки ин садама нимирӯзии 14-уми январ дар километри 113-уми роҳи Торжок-Осташков рух дода, мошини ВАЗ-2109 ба роҳи ҳаракати муқобил баромада, як автобуси мусофирбар бархӯрд, ки дар натиҷа ҳамаи 5 сарнишини мошини сабукрав ҷон бохтанд. Касе аз мусофирони автобус осеб надидааст.
Мақомоти Хадамоти муҳоҷирот дар ҳоли ҳозир дар пайи таҳияи аснод барои фиристодани ҷасади ҳалокшудагон ба Тоҷикистон мебошанд.