Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Рустами Ҷонӣ


Соли 1974 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Ғарм- Рашти имрӯза ба дунё омада мактаби миёнаро дар ҳаминҷо хатм мекунад. Дастпарвари факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994, ки ҳанӯз донишҷӯ буд бо идораи ҷавонии Радиои Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. То соли 1998 дар ин идора ба сифати муҳаррир ва баъдтар дар шӯъбаи мусиқии ин расона фаъолиятро идома додааст. Сипас ба телевизиони тоҷик даъват мешавад. Бо таъсиси радиои “Ватан” ба ҳайси сармуҳаррири барномаҳои тоҷикӣ дар ин муассиса ба фаъолият идома медиҳад. Аз соли 2002 то ба имрӯз мудири иҷроияи ширкати Ориёно-медиа мебошад. Соли 2007 радиои “Имрӯз” ва соли 2010 нахустин нашрияи мустақили ҳаррӯзаро бо номи “ Имрӯзнюс” дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ташкил ва фаъол кардааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.
XS
SM
MD
LG