Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корҳои илмӣ чӣ гуна "дуздӣ" мешаванд?


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон талош дорад аз "дуздӣ"-и корҳои илмӣ аз сомонаҳои интернетӣ ҷилавгирӣ кунад.

Донишгоҳ мегӯяд, ки баъзе донишҷӯён бо истифода аз хазинаҳои интернетӣ, аз корҳои илмии дигарон нусхабардорӣ ва онро ҳамчун заҳмати худ муаррифӣ мекунанд.

Ахиран Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши вижаеро таъсис дод, ки қарор аст аз ин гуна амалҳо пешгирӣ кунад.

Вайсиддин Абдуллоев, мудири ин бахш мегӯяд, акнун баъди дастрас шудани корҳои илмии донишҷӯён, устодон онро бо корҳои илмии мавҷуд дар хазинаи донишгоҳ ва интернет муқоиса ва мушаххас мекунанд, ки оё кори илмӣ воқеӣ аст ё нусхабардоришуда: «Солҳои пеш масалан як устод як мавзуъро тобистон ба донишҷуёни рӯзона ва зимистон ба донишҷуёни ғоибхон барои кори курсӣ медод. Ҳоло бошад ин тавр нест, дигар асардуздӣ карда намешавад. Мо аввал мавзуъҳоро ташхис мекунем, ки пештар нанавишта шуда бошад, баъдан барои навиштан тавсия мекунем.»

Устодон аз он нигаронанд, ки нусхабардорӣ кардани кори илмии дигарон, донишҷӯйро танбал мекунад ва аз рушди фикрӣ боз медорад.

Аммо ин усул ҳоло дар донишгоҳҳои дигар ба кор надаромадааст ва онҳо дар пешгирӣ аз асардуздӣ ҳоло ҳам аз усули бобоӣ истифода мекунанд. Акнун аксарияти донишгоҳҳо аз донишҷуён талаб мекунанд то реферату кори курсӣ ва дипломиро бо қалам нависанд.

Ҳусейн Ҷонибеков, як донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳоло дар донишгоҳи мо ҳамаи корҳои илмиро донишҷӯён бо қалам менависанд.Устодон матлабҳои чопиро қабул намекунанд ва мегӯянд, ки мо аз ҷое дуздидаем.»

Агар солҳои гузашта барои муфт дарёфт кардани маводи илмӣ донишҷӯёни тоҷик ба сомонаҳои русӣ сар мезаданд, акнун чандин сомонаро дарёфт кардан мумкин аст, ки дар он реферат, иншо ва дигар корҳои илмии мактаббачагону донишҷуён ба забони тоҷикиро дарёфт кардан мумкин аст.

Аз бархе аз ин сомонаҳо матлабҳоро метавон ройгон дарёфт кард, вале дар бархеи дигар онро бо фиристодани паёмак ё смс, ки маъмулан аз 3 то 5 сомонӣ нарх доранд, метавон дастрас намуд.

Хуршед Наҷмидинов, донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки худ аз созмондиҳандагони чунин сомонаҳо аст, мегӯяд, чун ба забони тоҷикӣ сомонае баҳри ҷамъоварии маводи илмӣ назири реферату кори курсӣ набуд, ӯ бо тавсияи дӯстонаш тасмим гирифтааст, чунин як сомонаеро таъсис диҳад: «То ҳол ягон сомонае набуд, ки ба забони тоҷикӣ реферату корҳои курсиро ҷамъ кунад. Дар ғанитар кардани сомона бо корҳои курсӣ ва рефератҳо, худи донишҷӯён саҳм мегиранд.»

Хуршед мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси чунин сомона, ба даст овардани фоида нест. Ӯ танҳо мехоҳад дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён саҳм гирад ва ҳамчунин барои дастраси ҳамагон кардани корҳои беҳтарини илмии донишҷуён саҳм бигирад: «Мо ин сомонаро барои он насохтаем, ки касе маводҳои онро гираду ба муаллим ҳамчун аз они худаш пешниҳод кунад. Мо ин маводҳоро ҳамчун намуна пешниҳод кардаем, ки донишҷуён бинанду монанди он реферат нависанд.»

Дар бархе аз чунин сомонаҳо метавон реферат, кори курсӣ ва ҳатто кори дипломиро фармоиш дод. Нархи чунин «корҳои илмӣ» ба қавли донишҷуёни корафтода вобаста ба ҳаҷм ва мавзуъ гуногун аст. Барои мисол як кори дипломӣ аз 300 сомонӣ то 1000 сомонӣ қиммат дорад.

Ҳангоми сайр кардан дар сомонаҳои «илмфурӯшӣ», мушоҳида кардем, ки бозори реферату корҳои курсӣ ва дипломӣ аз фанни ҳуқуқшиносӣ хеле гарм аст. Яке аз донишҷуён, ки худ таҷриба навиштани кори дипломӣ барои дигаронро бар ивази пул доштааст, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки бештар ба донишҷуён аз факултаҳои ҳуқуқшиносӣ барои навиштани кори курсиву дипломӣ муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG