Ҳалокати 10 нафар дар як моҳ бар асари олудагӣ ба гази ғубор, ба гуфтаи мақомот ва мутахассисон, дар гузашта собиқа надоштааст.
Ҳарчанд дар замони Шӯравӣ, ки тоҷикон ангишти Сибиру Қазоқистонро масраф мекарданд ва ҳам акнун, ки ангишти нимахоми тоҷикиро истифода мекунанд, ҳодисаи олудагӣ ба гази ангишт ҳамеша ҷой дошт. Аммо акнун афзоиши ин ҳодисаҳо ҷои нигаронӣ дорад.
Ғозибек Шодиев, як сокини Бадахшон мегӯяд, мардум аз ин ҳаводис ба хубӣ хабар доранд ва хуб медонанд, ки гази ғубор кушанда аст. Аммо илоҷи дигаре ба ҷуз аз истифодаи ангишт барои гармӣ надоранд. Зеро ҷангалзорҳо тақрибан нест шуда ва нерӯи барқ 1-2 соат дар рӯз дода мешавад. Ангишт ҳам бо вуҷуди хатари кушандагии гази ғубораш, на барои ҳама дастрас аст.
Аммо иллати аслии афзоиши олудагӣ ба ғази ғубор дар тайи чанд соли охир миёни сокинони Тоҷикистон чист? Оё ин ҳол метавонад ба сифат ва навъи ангишт вобаста бошад, ки қаблан онро аз Русия ворид мекарданд ва ҳоло аз конҳои нимахоми дохилӣ истихроф мекунанд? Ва ё иллати он ҷои дигарест? Ва худи гази ғубор чист ва чаро кушанда аст?
Ғозибек, ки устоди фанни кимиё низ ҳаст мегӯяд, ки гази ғубор ба чанд далел зуд паҳн мешавад ва кушанда аст. Ӯ мегӯяд, фақат эҳтиёти комил метавонад аз олудашавӣ ба ин газ истифодабарандагонро эмин нигаҳ дорад: «Зимни сӯхтор аз қабати болоии ангишт як шуълаи кабуд месӯзад. Ана аз ҳамон қабат гази ғубор хориҷ мешавад. Гандагияш дар он аст, ки ин газ на ранг дорад, на буй дорад ва на маза ва одам олуда шуданашро эҳсос намекунад. Сабаби аз худ хориҷ ва паҳн шуданаш аз ҳаво сабуктар будани вазни он аст. Ба ҳамин далел зуд дар ҳамаи хона паҳн мешавад.»
Ба гуфтаи ҷаноби Шодиев, олудашавӣ ба гази ғубор рабте ба навъ ва сифати ангишт надорад. Зеро дар ангишт аслан гази ғубор месӯзад ва ҳамаи ангишт зимни сӯхтан гази карбон ва ғубор хориҷ мекунад ва ангишти хубтар гази бештар ихроҷ мекунад. Яъне ин ба пастии сифати ангишти тоҷикӣ рабте надорад.
Аммо Ғанӣ Одинаев, муҳандиси тоҷик мегӯяд, ба бовари ӯ иллати асли олудашавӣ, риоя нашудани стандартҳои давлатӣ дар сохтани бухориҳост. Ӯ меафзояд, аз назари муҳандисӣ аксари бухориҳое, ки аз Чин ворид мешаванд ва дар дохил сохта мешаванд, посухгӯи стандарт нестанд ва истифода аз онҳо боиси ихроҷи газ ва олудагии одамон мешавад.
Оқои Одинаев мегӯянд: «Оҳан хитоӣ, электрод хитоӣ, барқ ҳам кифоя нест, ки метал хуб гудохта шавад. Аз назари муҳандисӣ бухорӣ хуб сохта намешавад, барои ҳамин ҳам метал ва ҳам кафшери он хуб нест, аз ин хотир ба тарафҳои бухорӣ газ ихроҷ мешавад. Ҳеҷ коре дар ин замина мутобиқи стандарт нест. Назорат вуҷуд надорад. Вақте ҳарорат баланд мешавад, ин бухориҳо ва метали онҳо тоб намеорад, газ хориҷ мешавад.»
Ба ҳар ҳол, ин маълумотҳо шояд ҷиҳати пешгирӣ аз олудашвӣ ба гази ғубор барои касе муфид воқеъ шавад. Зеро се моҳи дигари сарди дар Тоҷикистон дар пеш аст ва ҳавошиносон рӯзҳои сарду барфрезиро пешбинӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли буҳрони энержӣ ба сар мебарад.
Баҳрабардорӣ аз «Сангтӯда-1» ҳам мушкили энержиро ҳал накард. Оғоз бакори «Сангтуда-2» бо вуҷуди ифтитоҳи он тул мекашад. Роғун ниматамом аст ва мақомоти Тоҷикистон ба шароити Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони он тан дар додаанд.
Бо иловаи ин, ахиран Узбакистон гази ширкати «Талко» ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистонро қатъ кард ва фақат ба шарти ҷорӣ шудани оби бештар аз рудхонаи Вахш ба сӯи Узбакистон, интиқоли онро аз сар гирифт. Зеро соли гузашта соли камобӣ буд ва обанборҳои Узбакистон холиянд. Дар ҳоле, ки то як моҳи дигар ба об ниёзи шадид пайдо хоҳад кард. Яъне, роҳи дигаре ба ҷуз зиндагӣ бо хатари гази ғубор барои сокинони Тоҷикистон боқӣ намемонад.
Дар навори зер: Бухории бобоӣ дар манзилҳои баландошёна