Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хави – беҳтарин бозисози футболи ҷаҳон дар соли 2011


Хави, узви тими миллии Испания ва бошгоҳи футболи “Барселона”, ба унвони беҳтарин бозисози соли 2011-ум интихоб шуд.

Федеросиюни омор ва таърихи футболи ҷаҳон дар торнамои интернетии худ Хавиро бо 232 имтиёз ба унвони беҳтарин бозисози (бозигаре, ки бо пасҳои ӯ ҳуҷум ташкил мешавад) соли 2011-ум муаррифӣ кардааст. Ӯ барои бори чаҳорум пайиҳам ба ин унвон мушарраф шудааст.

Лионел Мессии аргентинӣ бо 147 имтиёз ва Андрес Инйестаи испанӣ бо 110 имтиёз, ҳарду аз тими “Барселона”, дар раддаҳои дувуму севум қарор гирифтаанд.

Дарвоқеъ, ба рӯйхати муддаиёни ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷаҳон дар соли 2011-ум, ки ФИФА, Созмони байналмилалии футбол, эълон кардааст, Лионел Месси ва Хави, инчунин, Криштиану Роналдуи португолӣ, нимҳимоятгари тими “Реал”-и Мадрид, дохил шудаанд.

Месси
Месси
Месси ва Хави соли равон дар ҳайати “Барселона”-и Испания қаҳрамон ва барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии ин кишвар, ҳамчунин, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардидаанд.

Криштиану Роналду бошад, дар ҳайати “Реал”-и Мадрид соҳиби Ҷоми Испания шудааст.

Инчунин Хави ва Роналду ба дастаҳои мунтахаби Испания ва Португол барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо кӯмак кардаанд.

Барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” 9-уми январи соли 2012-ум муайян хоҳад шуд.

ФИФА, инчунин, номҳои се муддаии унвони беҳтарин мураббии солро эълон кардааст. Ба рӯйхат Хосеп Гвардиола (“Барселона”), Алекс Фергюсон (“Манчестер Юнайтед”) ва Жозе Моуриню (“Реал”) дохил шудаанд.

Роналдо, бозигари дастаи "Реал"- Мадрид
Роналдо, бозигари дастаи "Реал"- Мадрид
Барои унвони беҳтарин футболбоззани сол Мартаи бразилӣ, Хомаре Саваи ҷопонӣ ва Эбби Уомбахи амрикоӣ довталабанд.

Маросими ботантанаи мукофотсупорӣ 9-уми январ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор хоҳад шуд.

Ду соли ахир Лионел Месси барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” шудааст. Соли 2008-ум Криштиану Роналду соҳиби ин мукофот гардида буд.
XS
SM
MD
LG