Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони Саҳаргули 14-сола. Нишонае аз хушунат ба занон


Cаҳаргули 14-сола
Cаҳаргули 14-сола

Саҳаргул- духтари 14-солаи афғон, ки ҳудуди 6 моҳ тавассути хонаводаи шавҳараш шиканҷа ва дар таҳхона нигаҳдорӣ мешуд, тавассути пулис раҳо шудааст.

Ҳафтаи гузашта полиси шаҳри Пули Хумрии вилояти Бағлони Афғонистон ин хонуми 14 –соларо аз чанголи хешовандони шавҳараш озод намуда, барои муолиҷа ба шифохонаи марказии вилоят интиқол дод. Ним сол пеш хешовандони ин хонуми 14-соларо ӯро ба шавҳар доданд.

Хабарнигори Радиои Афғонистони Озод, ки дар шифохона аз Саҳаргул зиёрат намуд, мегӯяд, дар бадани ин хонум ҷои сиҳат намондааст, ангуштон шикаста, нохунҳо канда ва дар сару рӯяш изи зарбу лат ба чашм мехӯрад. Ҳафтаи гузашта полиси афғон дар як амалиёти вижа Саҳаргулро аз таҳхонае пайдо ва раҳо намуд.

Саҳаргул дар бемористони Кобул
Саҳаргул дар бемористони Кобул
Дар бемористон мансабдори маҳаллӣ Раҳима Зарифӣ, раиси бахши умури занони вилояти Бағлон аз Саҳаргул пурсид, ки кӣ ӯро ба ин ҳол расондааст?

Саҳар гул: “Падар, хоҳар бародар ва модари шавҳарам маро латту кӯб мекарданд”.

Зарифӣ: “Бо чӣ шуморо озор медоданд?”

Саҳаргул: “Бо амбур.”

Зарифӣ: “Муйсару нохунҳоятро кӣ кандааст?”

Саҳаргул: “Модари шавҳарам.”

Яке аз ҳамсояҳои Саҳаргул, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод гуфт, Саҳаргул ним сол пеш ба Ғулом Сахӣ ном сарбози 30-солаи артиши афғон бар ивази 5 ҳазор доллар ба шавҳар баромада, аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба вилояти Бағлон ба хонаи шавҳараш кӯч баст. Ҳамин манбаъ гуфтааст, ки падари Саҳаргул фавтидаасту модараш аз нав ба шавҳар баромадааст.

Баъзе мақомҳои маҳаллӣ тахмин мекунанд, ки хешовандони шавҳари Саҳаргул саъй доштанд ӯро ба фоҳишагӣ маҷбур кунанд, вале ӯ сар хам накарда, мавриди латту кӯби доимии онҳо қарор гирифт. Вале хонум Зарифӣ мегӯяд, феълан вазъи равонии Саҳаргул хуб нест ва воқеан сабаби азияти ӯ рӯшан намебошад.

КАРЗАЙ:"ҚАЗИЯИ САҲАРГУЛ БА ТАВРИ ҶИДДӢ БАРРАСӢ ШАВАД"

28 –уми декабр табибони афғон Саҳаргулро барои ташхису муолиҷаи беҳтар ба шаҳри Кобул фиристоданд ва ахиран маълум шуд, ки ин хонуми азияткашидаро барои табобат ба Ҳиндустон мефиристанд. Рӯзи душанбе президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай талаб кард, ки афроди масъули шиканҷаи Саҳаргул ба додгоҳ кашида шаванд.

Масъулони амниятии Бағлон модару хоҳари шавҳари Саҳаргулро боздошт намуданд. Ба гуфтаи Фазлурраҳмон,
Cаҳаргул пас аз раҳоӣ аз "зиндон"
Cаҳаргул пас аз раҳоӣ аз "зиндон"
ном афсари масъули идораи амнияти Бағлон, ҳоло ҷустуҷӯи падар ва бародари шавҳари Саҳаргул идома дорад.

Ҳамчунон вазорати мудофиаи Афғонистон ҳукм баровардааст, ки шавҳари ин хонум, ки ҳоло дар вилояти Ҳилманд хидматашро идома медиҳад, ба ҳабс гирифта шавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар таҳқиқи қазияи Саҳаргулро пайгирӣ намуда, умед доранд, ки адолат барқарор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG