Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи боимтиёзи Бонки Ҷаҳонӣ барои CАSА-1000


Бонки ҷаҳонӣ масъалаи ироаи 200 миллион доллар қарзи боимтиёз ба манзури иҷрои тарҳи CАSА-1000-ро баррасӣ мекунад.

Тарҳи мазкур кашидани хатти баландшиддати интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад.

Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишномаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар бораи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.

Вале бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон, ки худ ба камбуди барқ рӯбарӯст, танҳо дар сурати сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар интиқол бидиҳад. Дар ҳоле, ки сарнавишти ин нерӯгоҳи азим норӯшан боқӣ мондааст ва Бонки Ҷаҳонӣ низ ташхиси ниҳоии тарҳи "Роғун"-ро то ҳол эълон накардааст.
XS
SM
MD
LG