Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати корӣ бо қонунҳои "ҷангал"


Фурудгоҳи Душанбе. Наздикони муҳоҷирони фавтида
Фурудгоҳи Душанбе. Наздикони муҳоҷирони фавтида

Муҳоҷирати корӣ ба Русия орзуи дастраси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо тартибу танзиме надорад.

Ахиран хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд аз ҳукумати Русия ҳаққи бознишастагӣ талаб кунанд. Яъне, муҳоҷире, ки солҳои тӯлонӣ ба таври қонунӣ дар Русия кор кардааст ва ба ҳукумати он молиёт супурдааст, баробар бо шаҳрванди Русия ба имтиёзҳое мисли бознишастагӣ ҳақ пайдо мекунанд.

Аммо воқеият ин аст, ки ҳоло муҳоҷирони тоҷик дар марҳилаи аввал, буду боши қонунӣ дар қаламарави якдигар, дармондаанд. Қонунҳои ин буду бош содда нестанд ва муҳоҷирон дар Русия аз хадамоти тиббӣ ва суғуртаи саломативу корӣ маҳруманд.

Фаррух Сатторов, сарвари созмони ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, муҳоҷирон ҳақ ба табобат ва суғуртаро доранд, аммо дар Русия онҳоро ба назар намегиранд.

Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов
​Ӯ гуфт, “Ҳар яки онҳо бояд таҳти назар бошанд. Барои ҳар яки онҳо ҳукумати Тоҷикистон талош кунад. Сафоратҳо дорем. Мо чандин бор гуфта будем, ки Худо нохоста, фалокате шавад, бояд донанд. Ҳар куҷо якто ҳам бошад, дуто ҳам, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мешунавем, ки ҳукумат кӯшишҳо дорад. Аммо агар онҳо амалӣ гарданд ва ҳақиқӣ бошанд, хуб мешавад. Афсӯс, ки онҳо кор намекунанд. Муҳоҷир, ки билети хариду справкаву страховка гирифту омад, робита бо ӯ қатъ мешавад.”

Бино бар омори расмӣ, солона аз Тоҷикистон 830 000 ва тибқи иттилои ғайрирасмӣ, то 2 миллион нафар ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири танзими раванди муҳоҷират ба хориҷи кишвар соли равон хадамоти вижаеро таъсис дод.

Баҳси муҳоҷират дар барномаи "Чашмандоз"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Ахиран ин ниҳод эълом дошт, ки вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳбуд ёфтааст. Тибқи маълумоти ин манбаъ, агар дар нӯҳ моҳи соли гузашта теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои нақзи қонунҳои Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, 230 000 нафар буд, ин рақам дар нӯҳ моҳи соли равон 54 дарсад, яъне ба 106 000 поён омадааст. Дар ин ду марҳилаи ду сол теъдоди шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия аз 3100 ба 2066 нафар кам шудааст. Ҳамчунин, агар дар нӯҳ моҳи соли 2010 ҳабдаҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия патент доштанд, имсол теъдодашон ба 125 000 нафар расидааст.

Сафиалло Девонаев
Сафиалло Девонаев
Чанде қабл Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки дар порлумони Тоҷикистон ҳисобот медод ва барои муаррифии тағйиру иловаҳо дар қонунгузориҳои марбут ба муҳоҷирати кишвар омада буд, гуфт, дар ҳоли ҳозир барои будубоши шоистаи муҳоҷирони кории тоҷик ҷорӣ кардани тадриси забони русӣ, баланд бардоштани ҳирфаияти онҳо ва ошноӣ бо қонунгузории Русия дар дохили Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Дар ҳоли ҳозир, бештар мақомоти Тоҷикистон аз табиӣ будани раванди муҳоҷират сӯҳбат мекунанд, ки бояд назорат шавад. Сафиалло Девонаев мегӯяд, агар дар солҳои 60-уми асри гузашта, бино ба маълумоти Созмони Милал теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон ба 65 миллион мерасид, дар соли 2010 ин рақам ба 214 миллион расида, бар пояи пешгӯиҳо, то соли 2050 ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Ба қавли ӯ, аз ин раванд бояд Тоҷикистон ба монанди Ҳинду Амрико ва Русияву Чину Туркия, ки шаҳрвандони муҳоҷирашон сармоягузори иқтисодашон шудаанд, истифода кунад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин хушбиниҳои мақомот замоне қобили қабул хоҳад буд, ки ин раванд дар асл тариқи қонунҳо танзим шавад.

Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов, аз маркази Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, қонуни муҳоҷирати Тоҷикистон, ки соли 2001 ба тасвиб расидааст, ҳоло кӯҳна шуда, дар ин муддат кишварҳои мавриди назар қонунгузориҳои худро тағйир додаанд. Вай мегӯяд, зарурати қонуни вижа дар бораи муҳоҷирати хориҷӣ ба миён омадааст: “Боз ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқие ҳастанд, ки раванди муҳоҷират аз Тоҷикистонро ба роҳи дуруст дароранд. Бояд аз кишварҳои дигар, бахусус Русия талаб кард, ки қонунгузории худро бо қонунгузориҳои мо мутобиқ гардонанд ва мо ҳам ҳамин корро кунем. Ҳамин гуна як фаҳмиш ҳаст, «гармонизатсия» - и қонунгузориҳо. Ҳеҷ вақт як давлати дигар намехоҳад, ки пуштибони мардуми мо бошад. Халқи мо бояд босавод бошад, босавод равад ва гашта ояд.”

Коршиносон ба кундии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия дар заминаи танзими ҳуқуқии муҳоҷирати корӣ ишора мекунанд, ки сабабҳои сиёсӣ ҳам дорад. Ба қавли онҳо, дар шароити имрӯз ҷониби Русия бо он вуҷуд ки ба будубоши муҳоҷирон аз Тоҷикистон назари нек дорад, он қадар хоҳони беҳбуд бахшидани вазъи онҳо нест.
XS
SM
MD
LG