Албатта, ба истиснои амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, ки камокон то моҳи май идома кард ва қазияи халабонҳо, ки мунҷар ба як таниши шадид дар равобити Душанбе бо шарики стротегиаш – Русия шуд. Вале дар ҳамин сол буд, ки Тоҷикистон бо як шукӯҳи низ бесобиқае аз солгарди истиқлолаш таҷлил кард ва бо милаи 165-метрии Парчами миллиаш шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд.
Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ
Мақомоти амниятӣ ҳанӯз дар оғози сол хабар доданд, ки Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт, рӯзи 4 январ ҳамроҳ бо 7 ҷангии дигар дар задухӯрде дар рустои Рунови ноҳияи Рашт кушта шуд. Дар моҳи апрел хабари кушта шудани Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи дигари силоҳбадастони фаъол дар шарқи Тоҷикистон, расид ва бо ҳамин таҳдиди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт аз байн рафт. Дар моҳи ноябр ҳайъати низомии Додгоҳи олӣ 28 нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин ошӯбҳо ба мӯҳлати аз 2 сол то ҳабси умрбод маҳкум кард. Аз ҷумла падари Алии Бедакӣ – Музаффар Давлатови 76-сола бо ҷурми хабар надодан ба мақомот 7 сол ҳукм гирифт.
Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов
Дар моҳи июн хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмонов бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Боздошти ӯ мавҷи интиқодҳоро дар дохил ва хориҷ ба бор овард, ки дар Тоҷикистон хабарнигорро барои фаъолиятҳои касбиаш таъқиб мекунанд. Ҳамин тавр, дар пайи ин қазия парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, ки аз моҳи ноябри соли 2010 бо ҷурми туҳмату таҳқир ва тамаъҷӯиву маҳалгароӣ дар боздошт қарор дошт, вирди забонҳо шуд.
Мавҷи интиқодҳову эътирозҳо, аз ҷумла аз сӯи созмони мӯътабаре, чун САҲА, боис шуд, ки мақомот дар таъқиби ин ду хабарнигор ақибнишинӣ кунанд ва Урунбой Усмонов, ки ҳанӯз баъди як моҳ аз боздошт раҳо ёфта буд, рӯзи 14 октябр ба 3 соли зиндон маҳкум ва билофосила бо татбиқи қонуни афв озод шуд. Исмоиловро иттифоқан дар ҳамон рӯз ба пардохти 35 000 сомонӣ ҷарима маҳкум карда, низ аз толори мурофиа ҷавоб доданд.
Аммо на Усмонов ва на Исмоилов ин ҳукмҳои “гузашткорона”-ро напазируфтанд. Додгоҳи олӣ дар таърихи 30 ноябр шикояти Усмоновро баррасӣ кард6 вале ҳукми ӯро бетағйир боқӣ гузошт. Аммо Муҳаммадюсуф Исмоилов дар моҳи декабр тавонист дар додгоҳи вилояти Суғд ба лағви ҷаримаи ҳангуфт ва манъи ҳаққи хабарнигориаш даст биёбад.
Милаи 165-метрии Парчами миллӣ
Тоҷикистон имсол солгарди 20-уми истиқлолашро бо гушоиши як силсила иншооти ҷашнӣ таҷлил кард, ки умдатаринҳояш милаи 165-метрии ба Китоби рекордҳои Гиннес роҳёфтаи Парчами миллӣ, Арки нишони миллӣ, Аквапарк, сохтмони 22-қабатаи “Душанбе-Плаза” ва биноҳои ҷадиди Китобхонаву Осорхонаи миллӣ дар маркази Душанбест. Ин маърака, ҳамин тавр, ба як минбари дигари таърифу тавсифи президент Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфт. Ба ҳадде ки шаҳрдори Душанбе
Аммо мунтақидон ситоиши Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни истиқлолро беш аз ҳадд хонда, мегуфтанд, нозидан бо баландтарин милаи парчам барои кишваре ки мардумаш асосан аз ҳисоби пули муҳоҷирон ба сар мебарад ва дар тӯли фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯст, зиёд ҷои ифтихор надорад. Ба ақидаи онҳо, бо он дастикам 1 миллиард сомоние, ки барои ҷашни Истиқлолу иншооти ҷашнӣ харҷ шуд, беҳтар мебуд, агар чанд корхонаи тавлидотӣ месохтанд.
Халабонҳо
Ҳанӯз тасфи ҷашни Истиқлол фурӯ нанишаста, қазияи халабонҳои ширкати “Ролкан” пеш омад. Рӯзи 8-уми ноябр додгоҳи Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро бо ҷароими марзшиканӣ, нақзи қоидаҳои парвоз ва қасди қочоқ 8,5-солӣ маҳкум ба зиндон кард. Русия ҳукми халабонҳоро “ноодилона” ва “сиёсӣ” номид. Дар Русия дар посух ба як маъракаи васеъи боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки дар ғайри сурати раҳоии халабонҳо мавзӯъи манъи вуруди мардикорони тоҷик ба Русияро ҳам матраҳ хоҳанд кард. Ва Душанбе баъди ҳамагӣ ду ҳафта ҳарду халабонро раҳо кард.
Қазияи халабонҳо дар асл идома, балки нуқтаи авҷи танишҳое буд, ки байни ду шарики стротегӣ бар сари шароити тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия ва пули иҷораи пойгоҳи ҳавоии Айнӣ тақрибан 3 сол ба ин сӯ идома дошт. Аммо дар ин буҳрон барои бори аввал дар баҳсҳои Маскаву Душанбе қартаи муҳоҷирон ба бозӣ даромад, ки осебпазирии Тоҷикистонро дар муқобили фишорҳои Русия ва ҳам дасти назар ба солҳои 90 хеле кӯтоҳтаршудаи Русия барои дахолат дар умури Тоҷикистонро нишон дод.
Муҳаммад Бӯазизӣ ва оғози “Баҳори Араб”
Аммо дар сатҳи дунё муҳимтарин таҳаввуле, ки аз соли 2010 моли таърих мешавад, эътирозҳои “Баҳори Араб” буд. Ин эътирозҳо теша ба решаи он режимҳои мағрур ва мутмаин ба бақои худ зад, ки бо чанголҳои оҳанин ва адами ҳатто ҳусни андаки таҳаммул нисбат ба мухолифини худ шӯҳрат доштанд, вале таҳти фишори мардум чун мӯҳраҳои домино пайи ҳам фурӯ рехтанд.
“Баҳори Араб” аз Тунис, аз худсӯзии як фурӯшандаи 27-солаи сабзиҷот Муҳаммад Бӯазизӣ оғоз ёфт, ки ҳанӯз рӯзи 17 декабри соли 2010 ба нишони эътироз ба мусодираи молу тарозуяш худро дар рӯбарӯи шаҳрдории як шаҳрак оташ зад. Раисиҷумҳури Тунис Зайналобуддин Бин Алӣ ба аёдати Бӯазизӣ ба бемористон шитофт, вале рӯзи 14 январ, ҳамагӣ 10 рӯз баъд аз марги Муҳаммад 23 соли ҳукумати Бин Алӣ низ сар омад ва ӯ ба Арабистони Саудӣ фирор кард.
Суқути режими гӯштиуштурхӯрдаи Муборак
Баъди Тунис “Баҳори Араб” ба Миср омад. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак, ки 30 сол боз бар ин пурҷамъияттарин кишвари арабии ҷаҳон ҳукумат меронд, аз моҳи январ сар шуд ва ба зудӣ майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира ба маркази ин эътирозҳо ва Интернет ба як василаи муҳими даъват ба раҳпаймоиҳои зидди режими Муборак табдил ёфт. Иттиҳомот алайҳи Муборак низ тақрибан ҳамоне буд, ки дар Тунис: худкомагии низом, фасоди густарда, дасти дарози дахолати фарзандони Муборак –Ало ва Ҷамол – ва ақрабои дигари ӯ дар умури давлат ва дар тиҷорат...
Муборак нирӯҳои пулису артиш ва тарафдоронашро ба майдон кашонд, ки савори уштурҳо дар кӯчаҳои Қоҳира эътирозгаронро қамчиву калтак мезаданд. Беш аз 800 кас низ кушта шуданд, вале мардум аз талаби истеъфои Муборак дигар даст набардошт. Ҳуснӣ Муборак билохира рӯзи 11 феврал ҳукуматро ба Шӯрои олии низомӣ супурд ва дар осоишгоҳи Шармулшайх кунҷи узлатро ихтиёр кард. Аммо моҳе баъд Муборак бо ҳарду фарзандаш боздошт шуда, ҳамсараш Сӯзон танҳо баъди ба давлат пас додани ду вилла ва 3,5 миллион доллар аз ҳисобҳои бонкиаш аз таъқиб маоф шуд.
Дар моҳи август дар Қоҳира додгоҳи Муборак оғоз ёфт. Ҳокими як замон муқтадири Ховари Миёнаро, ки дар бистари беморӣ қарор дошт, савори як рахти равон ба додгоҳ оварданд, ки дар матбуот ин саҳна ҳамчун “Фиръавн дар қафас” таъбир мешуд.
Қатли Муаммар Қаззофӣ
Аммо агар “Баҳори Араб” дар Тунису Миср бо хуни чандсад нафар ба пирӯзӣ расид, дар Либия эътирозҳо мунҷар ба як ҷанги хунин алайҳи режими 42-солаи Муаммар Қаззофӣ шуд. Ба амалиёти зидди Қаззофӣ, ки мегуфт, то охирин қатраи хунаш хоҳад ҷангид, нирӯҳои НАТО ҳамроҳ шуданд ва чирикҳо дар поёни август ӯро аз пойтахт –Троблус берун карданд. Қаззофӣ рӯзи 20 октябр дар зодгоҳаш – Сирт асир уфтод ва лаҳзаҳое баъд бо писараш Мӯътасим ба таври мармуз кушта шуд. Дар ҷангҳои Либия ҳазорон нафар ва аз ҷумла, бино ба хабарҳо, се писар ва се набераи Қаззофӣ ҷон бохта, писари дигари ӯ - Сайфулислом асир уфтод ва боқӣ аҳли хонаводааш дар паҳнои қораи Африқо паҳну парешон шуд.
Аз Назарбоев то Каримов
“Баҳори Араб” зоҳиран ҳокимони дарозумри Шӯравии собиқро, ки ислоҳи Қонуни асосиро ба як василаи тамдиди батакрори умри давлати худ табдил додаанд, низ нигарон кардааст.
Дар Узбакистон, ки 22 сол боз таҳти султаи Ислом Каримов қарор дорад, давраҳои раёсатро аз 7 то 5 сол пойин оварданд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки ин як навъ заминасозӣ барои таҳвили қудрат аст ё азми навбатии Каримов барои касби боз як давраи дигари раҳбарӣ.
Дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо тадвири бошитоби як интихоботи пеш аз мӯҳлат дар моҳи апрел замони раёсаташро то 6 соли дигар тамдид кард. Аммо рӯзи 16 декабр, дар рӯзи 20-солагии истиқлоли Қазоқистон дар натиҷаи саркӯбии эътирози коргарони ширкати давлатии нафт дар шаҳри Жанаозен 15 тан кушта ва беш аз 100 тан захмӣ шуданд.
Назарбоев ба дунбол волии Мангистав , раиси ширкати “Қазмунайгаз” ва ҳатто домоди дувуми худ – Темур Қулибоевро аз мақоми раиси Бунёди давлатии “Самрук –Хазина” барканор кард. Бо онки баъди фирори домоди аввалаш Роҳат Алиев маҳз Қулибоевро як вориси эҳтимолии тахти Назарбоев мешумурданд, ин ҳаводис зоҳиран ҳокии оғози як марҳалаи нави муборизаҳои сиёсӣ дар Қазоқистон, ин кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказист.
Минтақаи обистани ислоҳот
Ба назари таҳлилгарон, Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ паҳнои Шӯравии собиқ обистани як марҳалаи нави дигаргуниҳост, ки албатта, аз “Баҳори Араб” илҳом мегирад. Ва ғолибан самту сӯи ин тағйирот дар интихоботи моҳи марти раёсатҷумҳурии Русия таъйин хоҳад шуд, ки оё Владимир Путин ва низоми амалан ба гунаи режимҳои ҳокими Осиёи Марказӣ сохтаи ӯ то куҷо дошт хоҳад дод?
Дар маҳофил, ҳамин тавр, чашмбароҳи як ислоҳоти фарогир дар Тоҷикистонанд. Оғози ҳар соли нав дар ин кишвар дар интизори чунин ислоҳот мегузарад, вале ин ҳама маъмулан бо тағйири ҳамагӣ чанд мақом дар ҳайъати кобинаи вазирон маҳдуд мешуд. Аммо ин бор, ба ақидаи аҳли назар, вазъ хеле фарқ мекунад ва дар пасманзари қазияи халабонҳо, ки нуқоти заъфи ҳукумати ӯро бармало кард, бояд акнун худи Эмомалӣ Раҳмон ба як ислоҳоти куллӣ иқдом кунад. Вале ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистонро дар поёни моҳи январ бубинем, ки ин бор, дар соли Наҳанг чӣ хоҳад дод?