Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 40-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, рӯи барф баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол” барои бори аввал ҳамчун қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ба майдон омад.
Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 29-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувумро Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 68-ум, ба ҳадаф расонд.
Баъди як дақиқа нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев тӯби севумро ба дарвозаи “Равшан” ворид намуд. Голи чаҳорумро дар дақиқаи охирини бозӣ боз ҳам Иброҳим Рабимов зад.
Дастаи “Истиқлол”, ки бо 105 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст ва дуюмин бор бо медалҳои тиллои мусобиқот мукофотонида хоҳад шуд.
Тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки бозиҳояшро ба охир расондааст, бо 95 имтиёз ҷои дувумро касб кард ва чун мусобиқоти порсола бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад.
Дастаи “Равшан”, ки бо 89 имтиёз севум аст, сарфи назар аз бозии охиринаш бо дастаи “Истиқлол”, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.
Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, пас аз бозии имрӯза бо “Истиқлол”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар назди даста вазифа гузошта шуда буд, ки мо дар мусобиқоти имсола ҷойҳои 5 – 6-умро ишғол намоем. Вале мо бо кӯмаки сарпарастону аъзои даста ва дастгирии мухлисонамон ба дарёфти медалҳои биринҷӣ мушарраф шудем, ки аз ин натиҷа хеле қаноатмандем.”
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол” бо 32 гол дар ҷои аввал, ҳамдастааш Фарҳод Тоҳиров бо 27 гол дар ҷои дувум ва Комил Саидов, бозигари ССКА “Помир”-и Душанбе бо 21 гол дар ҷои севум қарор доранд.
Инчунин Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 20-голӣ, Габриэл Донто (”Энергетик”) 19 гол ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1. |
"Истиқлол" |
39 |
34 |
3 |
2 |
127-16 |
105 |
2. |
"Регар-ТадАЗ" |
40 |
30 |
5 |
5 |
108-29 |
95 |
3. |
"Равшан" |
39 |
29 |
2 |
8 |
78-35 |
89 |
4. |
"Энергетик” |
40 |
21 |
3 |
16 |
78-64 |
66 |
5. |
"Хайр" |
40 |
17 |
3 |
20 |
61-59 |
54 |
6. |
ССКА "Помир" |
40 |
16 |
4 |
20 |
65-69 |
52 |
7. |
"Хуҷанд" |
40 |
15 |
6 |
19 |
56-72 |
51 |
8. |
"Вахш" |
40 |
15 |
5 |
20 |
43-51 |
50 |
9. |
"Парвоз" |
40 |
12 |
4 |
24 |
45-76 |
40 |
10. |
"Шодмон" |
40 |
7 |
2 |
31 |
44-115 |
23 |
11. |
"Гвардия" |
40 |
3 |
3 |
34 |
32-151 |
12 |