Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия. Нозирон вазъро аз наздик хоҳанд дид


Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб
Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб

Давлати Cурия рӯзи душанбе мувофиқат кард, ки Иттиҳодияи Араб нозирони худро ба ин кишвар бифиристад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб низ ҳамин рӯз эълом кард, ки гурӯҳе аз нозирон дар 72 соати оянда барои баррасии вазъ вориди Димишқ хоҳанд шуд.

Давлати Сурия моҳи гузашта бар асоси як тарҳ мувофиқат карда буд, ки ба ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ дар минтақаҳои бӯҳронзада поён диҳад, ҳама боздоштшудагони ҳодисаҳои ахирро озод кунад ва гуфтугӯ бо мухолифони худ бо мизбонии Иттиҳодияи Арабро оғоз намояд.

Иттиҳодияи Араб чанд ҳафта пеш барои водор сохтани режими Башор Асад ба поён додан ба хунрезиҳо, таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи давлати ин кишварро вазъ кард. Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт, агар давлати Сурия бо тарҳи фиристодани нозирони мувофиқат кунад, Иттиҳодияи Араб дар таҳримҳои худ бознигарӣ хоҳад кард.

Бо ин ҳол ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Набил Ал-Арабӣ рӯзи душанбе бо эъломи хабари фиристодани нозирон ба Сурия гуфт, ки дар мавриди лағви таҳримҳо тарҳи фаврие дар даст нест ва нозирон бояд акнун мушаххас кунанд, ки давлати Сурия то чӣ андоза ба ваъдаҳои худ вафо мекунад.

Набил Ал-Арабӣ гуфтааст, ки «Гурӯҳи коршиносон шомили нозирони амниятӣ, қонунӣ ва идорӣ ба раёсати муовини дабири кулли Иттиҳодияи Араб дар ду-се рӯзи оянда ба Сурия фиристода хоҳанд шуд.»

Вай ки дар Қоҳира дар як нишасти хабарии муштарак бо муовини вазири умури хориҷии Сурия суҳбат мекард, гуфт, ки маъмурияти ин нозирон як моҳ идома хоҳад кард. Вай ҳамчунон хабар дод, ки ин иттиҳодия дар камтар аз як ҳафта бо мухолифони давлати Сурия гуфтугӯ анҷом хоҳад дод то заминаҳои музокира бо режими Башор Асадро фароҳам кунад.

Рӯзи 13-уми декабр Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ гузориш дод, ки шумораи кушташудагони нооромиҳои 9 моҳи ахир дар Сурия ба бештар аз панҷ ҳазор расидааст.

Давлати Сурия мегӯяд, ки беш а 1100 тан аз афроди артиш, пулис ва нерӯҳои интизомии ин кишвар дар ин нооромиҳо кушта шудаанд.

Кумитаи вижаи пайгирии бӯҳрони Сурия вобаста ба СММ, рӯзи душанбеи 27-уми ноябр дар гузорише нерӯҳои амниятӣ ва артиши ин кишварро ба «ҷиноят алайҳи башарият» муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG