Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот: Сӯҳроб Шарифов вакил шуд


Cӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.
Cӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

Сӯҳроб Шарифов, номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 пирӯз шуд.

Ба иттилои Кумиссюни марказии итихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ ва номзад аз ҲХДТ беш аз 78 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. касб кардааст.

Рақибони ҷаноби Шарифов дар ин сабқат Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,97, Абдуқаҳҳор Турсунов, довталаби мустақил ва ҳамзамон муовини раиси Донишгоҳи техтикии Тоҷикистон 5,68 ва Сӯҳроб Оймаҳмадов, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 6,11 дарсади орои интихобкунандагонро соҳиб шудаанд.

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин интихоботи миёндаврии порлумонӣ аз 70 ҳазор раъйдиҳанда 88 дарсади воҷидони шароити раъйдиҳӣ ширкат кардаанд.

Гуфтанист, интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3 ба далели даргузашти вакили пешини ин ҳавза Сафаралӣ Раҷабов рӯзи якшанбеи 18-уми декабр баргузор шуд.

Дар як соли ахир ин дуввумин интихоботи миёндаврии парлумонӣ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт низ интихоботи миёндаврӣ баргузор шуд, ки дар он дабири пешини Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯзӣ ба даст овард.

Номзадии Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки қаблан вакили Маҷлиси намояндагон буду баъдан раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз кард.

Рақиби аслии ҷаноби Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода буд, ки ин интихоботро олуда бо тақаллуб хонд ва гуфт, ки натоиҷи онро намепазирад.

Мухтасари шарҳи ҳоли Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ. Мактаби миёнаро дар Душанбе ва донишгоҳро дар Маскав ба итмом расонидааст. Рисолаи номзадиро дар соли 1993 дар Маскав ва докториро баъдан дар Душанбе дифоъ кардааст. То соли 1998 дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Дар ташкили нахустин маркази фарҳангии тоҷикон бо номи "Суғдиён" дар авохири солҳои ҳаштодум дар Маскав ширкат кардааст. Сипас, ба Душанбе даъват мешавад.

Чанд муддат дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ҳайси мудири шӯъба кор карда ва баъдан дар дастгоҳи иҷрояи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият мепардозад. Қабл аз ба ин мақом таъйин шудан ба ҳайси ёвари раиси ҷумҳур кор кардааст. Ду маротиба оила барпо карда, аз оилаи нахустинаш ду фарзанд дорад. Бо хонуми дуввумаш низ соҳиби ду фарзанд шудааст. Ба варзиш машғул аст, бозии шоҳмотро дӯст медорад, номзад ба устоди варзиш дар риштаи муштзанӣ.

XS
SM
MD
LG