Баъд аз нашри натиҷаҳои интихоботи порламонӣ дар Русия натиҷаҳои як назархоҳӣ нишон медиҳад, ки эътибори Владимир Путин-нахуствазири Русия ба поинтарин сатҳ расидааст. Ин назархоҳӣ 10-11 декабр баргузор шуд. Тибқи ин назархоҳӣ 51 дарсади мардум аз фаъолияти Путин қаноатманд буданд дар ҳоле, ки як моҳи пеш ин натиҷа 61 дарсадро ташкил медод. Моҳи январи соли ҷорӣ ё тақрибан як сол пеш ин нишондод 68 дарсад буд.